Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдуллохи Нойи

Абдуллохи Нойи

Абдуллохи Нойи (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), навозанда, сароянда ва мусикидони форсу точик (охири асри 15 ва ибтидои асри 16). Дар Хирот таваллуд ёфта, маълумоти ибтидоии илми мусикиро низ хамон чо фаро гирифтааст.

Абдуллохи Нойи дар навохтани най бехамто буда, овозааш ба бузургтарин шахрхои он давр низ расидааст. Дарвешалии Чанги дар «Тухфат-ус-сурур» ба у бахои хубе додааст: «Аз овози форами най хамаро ба гулис­тон бурда…». Абдуллохи Нойи барои такмили донишаш муддате ба Бухоро омада, асосхои назарияви ва амалии илми мусикиро комилан аз худ кард.

Сипас ба Хисор ва баъд ба Балх сафар кар­да, чандин асари мусики офаридааст. Аз чумла «Савти Дилреш» (бар усули «Мухаммас») ба шуъбаи «Сегох», «Савти Дилошуб» (бар усули «Барафшон») ба макоми «Ирок», «Пешрави Ситамкаш» (бар усули «Самои») ба макоми «Хусайни», «Амали гардони Нойи» (бар усули «Уфар») ба макоми «Наво» ва амсоли инхо маълуму машхур будаанд.

Ба асархои мусикии Абдуллохи Нойи Дарвеш Шайхии чаландари Хирави, Устод Алии Боки, Алидусти Нойи, Хофизи конуни ва дигарон бузургони санъати мусики назирахо бастаанд. Абдуллохи Нойи бар вазни «Миатайн» ва «Даври Равон» «Куллиёт»-е тартиб дода­аст, ки хофизони номии Самарканду Бухоро онро месуруданд.

У хамчунин ба макомхои «Кучак», «Бусалик», «Хусайни» ва «Ирок» асархои калонхачми мусики мураттаб кардааст. Абдуллохи Нойи инчунин газалхои ирфониву фалсафии неку гуфтааст. У дар Хирот аз олам гузашта, кабраш дар махаллаи Хазрати Султон Ахмада Хизруя (Хирот) вокеъ аст.

Ад.: Рачабов А., Афкори мусикии точик дар асрхои XII – XV, Д., 1989; Донишномаи Шашмаком, Д., 2009.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …