Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллоев Сайдулло

Абдуллоев Сайдулло

Абдуллоев Сайдулло (18. 2. 1945, Хучанд – 12. 5. 2001 хамон чо), муаррих, доктори илмхои таърих (1996), профессори (1994). Арбоби илм ва техникаи Точикистон (1998). Хатм­кардаи Институти давлатии педагогии Ленинобод (1967). Солхои 1967 – 1974 муаллим, муаллими калон, 1974 – 1992 дотсент, муовини декан, декани факултети таърихи хамин донишкада, 1992 – 1995 ноиби ректор ва аз соли 1995 то охири умр ректори Донишгохи давлатии Хучанд ба номи Б. Гафуров буд.

Абдуллоув доир ба масъалахои рушди илм, маорифу фарханг дар Точикистон ва умуман Осиёи Маркази зиёда аз 350 таълифоти илми, илми – оммави ва публитсисти ба табъ расондааст. Перомуни хаёту фаъолияти фарзандони номвари миллат Исмоили Сомони, Бобочон Гафуров ва дигарон китобу рисолахои чолиб навиштааст.

Ос.: Фидоии илму маърифат, X., 1997; Фарзанди замон, X., 1997; Рост культуры Таджики­стана в 30-е годы, X., 1998; Академик Бобочон Гафуров, X., 1998; Амир Исмоили Сомони, X., 1998; Амироии Сомони, X., 1999; Илм ва фарханги Точикистон дар нимаи аввали карни XX.

X., 1999; Накши умр, X., 2002.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …