Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллоев Мирзосаид

Абдуллоев Мирзосаид

Абдуллоев Мирзосаид (номи аслиаш Сергей, номи падараш Кон­стантин, 1882, Оренбург – 1928, Ду­шанбе), яке аз муборизони фаъоли пойдор ва мустахкам намудани Хокимияти Совети дар Точикистон. Аз оилаи коргари рус. Баъди вафоти падараш ба Тошкент омада, ба дастаи сайёри дорбозону масхарабозон хамрох шуд. Бо хамин гурух ба Хисор омад. Аз хамон вакт номи Саидро гирифт. Ба гайр аз забони модари (руси) забонхои точики ва узбекиро хуб медонист, бинобар ин дар мактаби махалли зуд хата арабиро аз худ кард. Минбаъд тарчумон ва мирзои беки Хисор ва аз амалдорони Душанбе буд. Аз ин ру то инкилоб дар байни мардум бо номхои Мирзо Мухаммад Саид ва Саиди тилмоч машхур буд.

Январи 1913 ба балвои рухониёни Хисор зид баромада, ба дехаи Дастгираки Ёвон бадарга шуд. Ба Душанбе баргашта, ба духтари хунарманди махалли Абдуллои читгар хонадор шуд (аз хамин вакт Абдуллоев). Баъди инкирози амората Бухоро ва ба Хисор омадани экспедитсияи харбию сиёси Абдуллоев раиси Комитети револютсионии Душанбе (1921 – 1923) буд. Дар ин вазифа у дар тартиби гояхои инкилоби, бархам задани бокимондахои феодали, ба амал овардани ислохоти аграри ба манфиати дехконони мехнаткаш корхои бисёреро ба анчом расонд.

18 июли 1922, баъди аз дастаи Анварпошшо озод карда шудани Душанбе, Абдуллоев раи­си Комиссияи фавкулодаи диктатори оид ба ташкили Комитети револют­сионии вилояти Душанбе таъйин шуд, минбаъд – узви комиссияи диктатори сардори комитети револютсиони, узви комиссияи таъмини хуроквори дар полки 10-уми савора буд. Солхои 1924 – 1925 раиси Суди халкии вилояти Ду­шанбе, дар як вакт сардори Управле­ниям милитсияи Бухорои Шарки. Дар охирхои умраш Абдуллоев дар шуъбаи махсуси корпуси 13-уми тирандози хизмат карда, дар бархам додани босмачиги ва мустахкам намудани Хокимияти Совети фаъолона иштирок дошт.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …