Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдулчаббори Ургутии Самарканди

Абдулчаббори Ургутии Самарканди

Абдулчаббори Ургутии Самарканди (1831/1832, Ургут – 1912, хамон чо), хаттот ва шоири точик. Яке аз чахор нафар ихтироъкорони навъхои хати настаълик. Услуби хаттотии се нафари аввал (Мавлави Соки Мухаммад, Сиддикхони Дарахти, Сиддикхони Иштихони)-ро минбаъд чандин хушнависон пайрави ва аз худ кардаанд, вале тарзу услуби Абдулчабборро харчанд кушида бошанд хам, касе пайравй карда натавонистааст.

Садри Зиё дар «Рисолаи хаттотон» чунин оварда: «Барои ёд гирифтани равиши китобати хати Абдулчаббори Ургути бисёр кушиш кардам, вале муяссар нашуд. Хол он ки равиши хати котибони дигарро бо андаке кушиш худи худашон барин менавиштам. Аз шариконам Абдуррахим ном як шахсро ба хизмати Абдулчаббор ба Ургут фиристодам.

Бо чандин душворихо ба назди хаттот расида рафт. Дар он чо се мох шогирд истода ва хама машк карда, аз у таълими хат гирифт. Баъд се калами бо каламтароши худ тарошидаи Абдулчабборро гирифта ба Бухоро баргашт. Ман хамин каламро гирифта машк кардам ва худи хати Абдулчаббор барин менавиштаги шудам». Абдулчаббор матнро зебову хоно ва бехато менавишт.

То хол касе аз матни китобаткардаи у галате наёфтааст. Аз ин хушнависи номи беш аз 250 адад асари китобатшуда боки мондааст. Абдулчаббор шеър хам эчод кардааст, ки порчаи зайл тазмин ба миёраи Камоли Исфахони «Дил барканам ман аз туву бардорам аз ту мехр» мебошад:

Чун гирдбод ох зи хокам кашад алам.

Бар фарки рузгор нишонад губори гам.

Чун дил ба чои хеш бувад, к-аз нихеби дард,

З-ин ошёна торами ором карда рам…

Гирад ба хар ду даст сари худ ачал зи бим,

Чое ки гамзаи ту кашад ханчари ситам…

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …