Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдулазизи Махсум

Абдулазизи Махсум

Абдулазизи Махсум (соли таваллуд ва вафоташ намаълум), хофиз, навозанда, шоир ва мусикидони машхури точик (асри 19). Зодгохаш Бухоро, дар хамон чо аз олам гузаштааст, У аз чавони ба омухтани санъати сарояндаги ва навозандаги пардохта, ба дарачаи устоди расидааст.

Барои такмили пешаи овозхони, сознавози, фарогирии кавонини шеърию мусики назди Ахмади Дониш, Кори Каромати Дилкаш ва дигар устодони мусики дониш андухтааст. Абдулазиз  Махсум чун созанда «Шашмаком»-ро хуб ичро мекардааст ва дар такмили кисмхои «Савт», «Талкин», «Уфар» хисса гузоштааст.

Абдулазизи Махсум чун устоди мусикидон ва навозандаи бомахорат дар байни ахли хунари Бухоро ва берун аз он бо номи «Абдулазизи Савти» маъруф будааст. Абдулазизи Махсум газалхои неку низ сурудааст. Дар доирахои адаби бо тахаллуси «Савти» маъруф буд.

Ад.: Таджикская музыка, Д., 2003; Донишномаи Шашмаком, Д., 2009.           

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …