Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ЯЗДИГУРД

ЯЗДИГУРД

ЯЗДИГУРД, номи чанд подшохи сулолаи Сосониён.

sasan

Я. I (с. тав. номаълум — ваф. 420 /21) баъди Бахроми IV (388—99) ба сари тахт омадааст (хукмр. 399— 420/21). Я. I барои суст намудани нуфузи ашрофи харби ва рухониёни зардушти, ки ба корхои давлати ва масъалаи ба тахт нишондани шохони сосони дахолат мекарданд, чорахои катъи андешид. Бо ин максад у аз хунармандон ва савдогарон, ки аксарашон пайрави дини насрони буданд, дастгири мечуст. Я. I нуфузи дину оини кадимаро хеле суст кард, ки ин вазъияти насрониёнро хеле бехтар кард. С. 410 дар Седевши чамъомади насрониён гузаронида шуд ва дар натича мавкеи рухониёни насрони хеле мустахкам гардид. Дар сиёсати беруна Я. I бо императори Византия сулх баста ба Кустантания сафирони худро фиристод. Хамаи ин норозигии ашрофи эрони ва рухониёни зардуштиро ба вучуд овард. Я. I аз пурзуршавии мавкеи насрониён ва афзудани норозигии рухониёни зардушти тарсида дар солхои охири хукмрониаш сиёсати худро тагйир дод.

Я. II (с. тав. номаълум — ваф. 457, хукмр. 438—457), писари Бахроми V. Я. II сиёсати падари худро нисбат ба ашроф ва рухониёни зардушти давом дода ба онхо гузаштхо кард. Корхои давлатиро ашрофон тахти рохбарии Мехр — Насра пеш мебурданд. С. 442 чанги бебарори Эронро бо Византия катъ намуд. Я. II бо максади ба рухониёни зардушти наздикшудан мухторияти Арманистонро бархам дода дар он сарзамин зардуштиро чори кардан хост.

Дар Арманистон андозхои вазнин чори намуда, ба мансабхои маъмури намояндагони ашрофи эрониро таъин кард. У бо максади аз мулки худ дур кардани кушуни савораи нахарархо (князхо)-и армани онхоро 7 сол дар сархади шим. шаркии мамлакат нигох дошт. С. 450 аа нахарархо талаб кард, ки зардуштияро кабул намоянд. Дар натича дар Арманистон шуриши халки cap зад, ки ба он нахарархо ва рухониён хамрох шуданд. Лашкаркаш Вардан Мамиканян сарвари шуриш таъин гардид. Я. II шуриши озодихохонаи арманихоро пахш карда бошад хам (майи 451), мачбур шуд мухторияти Арманистон ва мамлакатхои дигари Закавказияро нигох дорад. Я. II дар солхои охири хукмрониаш дар сархадхои шим. шарки (Хуросон ва Тахористон) чангхои вазнин бурда, дар он чо калъаю шахрхо буньёд намуд.

Я. III. (с. тав. номаълум — ваф. 651, наздикии Марв), охирин намояндаи сулолаи Сосониён (хукмр. 632 —651). Дар замони хукмронии у мамлакатро бухрони иктисодию ичтимои ва сиёсч фаро гирифт. Музофотхо мустакил шуда аз хайати Сосониён баромадан гирифтанд, ки ин ба парокандагии мамлакат сабаб шуд. Мамлакати сусту парокандаи Эрон пеши рохи истилои арабро гирифта натавонист, Арабхо с. 633 ба Эрони Сосони хучум карда, дар мухорибахои назди Кодисия (637) ва Нидованд (642) ба кушуни Я. III. сахт зарба заданд. Дар натича Я. III ба шим. шаркии Эрон акибнишаста, с. 651 дар наздикии ш. Марв кушта шуд.

Ад.: Гафуров Б. Г., Таджики. Древнейшая, древняя я средневековая история, М., 1972; История Ирана. М.. 1972.

Д. Бобоев.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …