Маълумоти охирин

«ЯШТХО»

«ЯШТХО» (авестои — yashti — ситоиш, ниёиш, парастиш), яке аз     бахшхои Авесто мебошад. Калимаи яшт (йашти) бо (Ясно» (йасна) хаммаъност, вале фаркияте низ дорад; «Ясно» ба маънои ситоишу ниёиши умумист, «Я.» бошанд, ситоишу ниёиши эзидони чудогонаи зардуштияро дар бар мегиранд. «Я.» аз 21 яшт фарохам омадаанд, ки номашон ба номи эзидони 30 рузи солшумории зардушти мутобиканд: 1) «Хурмузд-яшт»; 2) «Хафт амшаспанд-яшт»; 3) «Урдибихишт-яшт»; 4) «Хурдод-яшт»; 5) «Обон-яшт»; в) «Хуршед-яшт»; 7) «Мох-яшт»; 8) «Тир-яшт» («Тиштра-яшт»); 9) «Дрвасп» ё «Гуш-яшт»; 10) «Мехр-яшт»; 11) «Суруш-яшт»; 12) «Рашн-яшт»; 13) «Фарвардин-яшт»; 14) «Бахром-яшт»; 15) «Ром-яшт»; 16) «Дин-яшт»; 17) «Ард-яшт»; 18) «Ушток-яшт»; 19) «Зомиёд-яшт»; 20) «Хаома-яшт»; 21) «Вананд-яшт».

«Я.» дар кадим ба яке аз китобхои азбайнрафтаи Авесто, ки «Багон-яшт» («Ситоиши худохо») ном дошт, дохил мешуданд ва шумораашон, зохиран, зиёдтар буд. «Я.» аз «Готхо» баъдтар навишта шудаанд, вале аз чихати мазмуну мундарича ва мавзуъ ба онхо кадимтаранд. Дар «Я.» эзидоне сутуда мешаванд, ки номашон дар осори хиндуориёи, аз чумла «Ригведа» зикр ёфтааст. Дар «Я.» аз шохони асотирии Эрони Бостон, махсусан, силсилаи Пешдодиён, Каёниён, пахлавониёни хамоси ва диг-сухан меравад, ки баъзан дар кисми асотирии «Шохнома»-и Фирдавси амал мекунанд. Матолиби баъзе «Я.» аз маълумоте, ки дар «Шохнома» омадааст, зиёдтаранд. Тавассути «Я.» бисьёр устурахо, афсонахо, ривоятхо, достонхои кадими ниёгонамон боки мондаанд. Дар «Я.» сахнахои разми чанги ниёгони халки точик бо душманон, симои пахлавонони тахамтан, олихаи зебои Ардвисура Анохита, эзидони накукору хайрхохи мардум ва г. тасвир гардидаанд. Онхо инъикосгари афкору андешахои ватанхохи, адолат, хукмронии одилона, панду насихат, некиву накукори ва г. мебошанд. «Я.» аз чихати хачм ба «Я.»-и калон ва хурд чудо мешаванд. «Я.»-и калон матолиби зиёди асотири, достони ва хамосиро дар бар мегиранд. «Я.»-и хурд аз порчахои ситоишие иборатанд, ки баъзеашон аз кисмхои дигари Авесто иктибос шудаанд. Мазмуну мундаричаи дар яшт аз аввал то охир яксон нест. Дар дохили он достону достончахои хурде вомехуранд, ки аз мавзуи асосии яшт дуранд. Дар Авесто «Я.» ба карда (фасл)-хо таксим шудаанд. Кардахо дар якчанд банд ташкил шудаанд. Кардахо аз якчанд банд ташкил ёфтаанд. «Я.» ба монандаи кисми дигари Авесто «Гот»-хо манзуманд, вале дар онхо баъзан калимахои зиёдати барои тафсир дохил шудаанд, ки ин боиси костагии вазн ва нобаробарии шуморахои хичохои мисраъхо гардидааст. Вазни шеърии «Я.» хичои ва  оханги, шумораи хичохои мисраъхо аз 8 то 12 хичо мебошад. Дар охири яшт порчае такрор мешавад, ки он ба байти василаи тарчеъбанд (дар мавриди «Я.» он бо номи банда васила макбултар мебошад) монанд аст.

Ад.: Брагинский И. С., Из истории таджикской и персидской литератур, Диловаров.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …