Маълумоти охирин

«ЯСНО»

«ЯСНО» (авестои, ситоиш, парастиш), яке аз бахшхои Авестост. Аз 72 боб, ки онхоро ба истилохи авестои ва дар точики «хо», «хот» мегуянд,  иборат аст. Дар бобхои 1-8-уми Я. дуохо, ниёишхо, порчахои ситоиши дар бораи Ахура Маздо ва ёварони у (амшаспандон), фариштагони зардуштия (Суруш ва диг.) омадаанд. Бобхои 9—11 ба ситоиши Хаома оиданд ва аз чихати мазмуну мундарича ба «Яштхо» каробат доранд. Дар боби 12 конуну коидахои зардуштия таъин гардида, се меъёри асосии он — «пиндори нек», «гуфторн нек», «кирдори нек» сутуда шудаанд. Бобхои баъдина (13—27) низ дуову ниёишхои гуногунро, ки зардуштиён хангоми намоз мехонданд, дар бар мегиранд. Аз хоти 28 «Готхо» шуруъ мешаванд. Бобхои 35—41 «Ясно-хаптанхаити» (хафт боби «Ясно») ном дошта, аз чихати мазмуну матолиб ба «Готхо» наздиканд. Боби 42 хамчунин ба «Готхо» монанд аст. Дар бобхои охирини «Я.» (52, 54—72) дуову ниёишхо дар бораи Суруш (56 —57), оташ (62), Ардвисура Анодита (63—69) ва г. фарохам омадаанд. Баъзе бобхои ин кисми «Я.» такрори бобхои авваланд.

«Я.»-ро хангоми намоз ва ичрои дигар маросимхои зардуштия ду мубад (Зот ва Роспи) бо навбати ва ба бандхо чудо карда мехонданд. Аксар матолиби «Я.» дини, ситоиши эзидону фариштагон аст, вале баробари ин бобхои 9—И, 12 ва г. аз чихати мазмуну мундарича, махсусан дар бар гирифтани устурахои кадим, достону ривоятхо, баъзе маълумоти этнографи ва г. ахамияти калон доранд.

«Я.» баробари бахшхои диг. Авесто мавриди тахдиду барраси карор гирифта, ба забонхои европои, санскрит, гудчаротч ва г. тарчума шудааст. Тарчума ва тафсири онро ба забони форси Пури Довуд анчом додаaст.

 М, Диловаров.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …