Маълумоти охирин

ЯШМ

yashma

ЯШМ (ар. ), яшб, яшп, чинси кучии тахшинии андаке метаморфшударо гуянд, ки аз заррачахои кварц, баъзан халцедон таркиб ёфтааст. Аксар вакт ба сифати омехта минералхои гематит, гётит, хлорит, актинолит, гидрооксидхои манган ва г. дорад. Гуногунрангии Я. ба омехтахои таркибаш вобаста аст. Я. санги мустахкам (сахтиаш 5,5—7) ва ношаффоф мебошад. Рангаш гуногун: сурх, зард, чигари, сабз, бур, хокистари, баъзан сиёх, сафед ва г. Аз руи текстура якранг, рангоранг, рах-рах, танга-танга, накшин ва г. мешавад. Дар кишри Замин ба шакли кабат-кабат, линзамонанд ва табакахои гафс (то даххо, садхо м) мехобад. Пайдоиши Я-40 асосан вулконогению тахшини химияви ва биохимиявист. Бинобар мустахкаму хушранг буданаш Я.-ро дар заргарию резакори, кошинкори ва дар техника истифода мебаранд. Дар СССР конхои машхури Я. Урали Чануби ва Олтойи Маъдандор вокеъ гаштаанд. Я-хои хушрангу зебо дар куххои Точикистони Шимоли, Маркази ва Помир низ мавчуданд.

 У. Олимов

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …