Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ЯРОКПАРТОИ

ЯРОКПАРТОИ

yarokpartoi

ЯРОКПАРТОИ, системаи чорабинихоеро гуянд, ки амали гардонидани онхо боиси махви пурра ва ё кам шудани воситахои чанги гардида, барои бартараф кардани хавфи чанг шароити мусоид фарохам меоварад. Дар давраи хозира бино ба мавчуд будани яроки ядрои ва дигар яроки катли ом Я. ба масъалаи мухими байналхалки табдил ёфтааст ва халли он таъхирнопазир аст.

Хукумати Совети аз рузхои авали мавчудияташ барои Я. собиткадамона мубориза мебарад. Аз с.60 сар карда бо ташаббуси СССР як катор созишномахо ба имзо расидаанд, ки онхо то андозае пеши рохи мусаллахшавии бошитобро гирфтанд (Шартнома оид ба манъи озмоиши яроки ядрои дар атмосфера, фазои кайхон ва дар зери об 1963; Шартнома оид ба кайхон 1967; шартнома оид ба пахн накардани яроки ядрои; Шартнома оида ба каъри бахр; Конвенцияи оид ба яроки бактериологи). Ин созишномахои Иттифоки советию Америка, ки дар натичаи гуфтушуниди дутарфа баста шудаанд, барои Я. накши мухим доштанд: шартнома оид ба махдуд намудани системаи мудофиаи зиддиракети ва созишномахои муваккати дар бораи баъзе чорабинихо оид ба махдуд намудани озмоиши яроки ядрои (июн,1947); Шартнома оид ба таркиши зеризамини бо максадхои осоишта (маи 1976) ; Июни (1979) Шартномаи Иттифоки советию Америка дар бораи махдуд намудани аслихаи хучумкунандаи стратеги (ОСВ-2) ба имзо расид, ки ратификацияи он аз тарафи ШМА ба муддати номаълум ба таъхир гузошта шуд.

Иттифоки Совети таклиф менамояд, ки масъалаи Я. хамачониба, бо тамоми чузъиёташ хал карда шавад. Ин масъала хам дар гуфтушу нидхои Женева, Стокгольм, Вена ва хам дар вохурии котиби генералик КМ КПСС М. С. Горбачев бо президенти ШМА Рейген ба миён гузошта шуд. Съезди 27-уми КПСС масъалаи мубориза барои Я. ва мустахкам кардани сулхи умумро рохи асосии фаъолияти Партияи Комунисти дар арсаи байналхалки эълон кард.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …