Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ЯРМАРКА

ЯРМАРКА

ЯРМАРКА, (аз нем. lahrmarkt — солбозор, бозори харсода), бозорест, ки мунтазам дар вакт ва махалли муайян барпо мешавад; фуруши мавсимии як ё якчанд навъи молро гуянд. Я. дар мамлакатхои Европа ибтидои асрхои миёна ба вучуд омадааст. А-хои 10—11 дар натичаи пайдоишу твраккии шахрхо, инкишофи истехсолоти хунарманди, пайдоиши бозори дохили, вусъати робитахои тичоратии байналхалки, зиёд шудани роххои хушкигарду воситахои алока ахамияти Я.-хо боз хам афзуд. Я.-хои калонтарин маркази савдои байналхалки буданд. Дар асрхои миёна Я.-хои Женева (авв. а. 15), Лион (а-хои 15— 16), Антверпен (а. 16), Лейпциг (а. 18) ва г. дар хаёти иктисодии Европаи Гарби мавкеи мухим доштанд.

Дар давраи ташаккули капитализм Я. ахамияти тичоратии пештараи худро гум кард, чои фуруши бевоситаи молро аввал фуруш ва аз руи намуна ва баъд фуруш мувофики стандарт гирифт. А. 19 Я.-хои калони яклухтфуруши ба намоишгохи Намунаи молхо табдил ёфтанд, ки савдояшон монанди савдои биржахон мол буд (ниг. Биржа). Я.-хо универсали (Я.-хои Пловдиви, Булгория, Измири Туркия), серсоха (а.-хои Познани Польша ва Парижи Франция) ва мах сус (Я.-хои молхои спортии Мюнхени РФГ, тачхизоти наклиётии Базели Швейцария) мешаванд. Фаъолияти Я.-хои байналхалкиро Иттифоки ярмаркахои байналхалки (ИЯБ), ки с. 1925 дар Париж таъсис ёфта буд, ба тартиб меандозад.

Дар Россияи тореволюциони аввалин Я. дар миёнахои а. 13 пайдо шудааст. С. 1865 дар Россия 6,5 млн Я. буд. Я.-хои Ирбит ва Нижний Новгород Я.-хои калонтарини Россия буданд.

Дар Россияи Совети с. 1922 гузаронидани Я.-хои умумииттофоки, республикави огоз ёфт, ки калонтарини онхо Я.-хои Боку ва Нижний Новгород буданд. Дар натичаи инкишофи савдои давлати ва кооперативи, коллективонии х. к. Я.-хои хусуси дар СССР бархам хурданд. Нот. с-хои 30 дар СССР Я.-хоро бархам доданд. Солхои баъдичанги Я.-хоро чун яке аз шаклхои савдои давлати ва кооперативи аз нав баркарор намуданд. Аз с. 1958 ин чониб Я.-хои байнирайони ва байниреспубликави, ки молро яклухт мефурушанд ва аз руи намунаи махсулот шартномахои тичорати мебанданд, мунтазам барпо мешаванд.

Дар Осиёи Миёна гох-гох дар махалхои серодам ва рузхои ид дар сайргоххо бозорхои калон барпо мешуданд. Дар бозорхо савдогарон асосан молхои аз хорича овардаашонро мефурухтанд.

Дар республикаи мо хар сол Я.-хои савдои яклухти сарулибос, пойафзол, молхои маданиву маиши, хочаги, чарчинворию аттори гузаронида мешаванд. Я.-хои савдои чакана низ барпо мегарданд. Я.-и савдои чакана доими ва муваккати мешавад. Я.-хои доимии савдои чакана магазину павильонхо ва корхонахои хуроки чамъиятии дар худуди муайян чойгирифтаро дар бар мегиранд. Хар сол дар шахру раионхои республика пеш аз фарорасии соли тахсил Я.-хои сарулибос ва асбобу анчоми таълимии мактабиён низ барпо мешаванд.

yarmarka

Точикистон (аз 1972) дар хайати павильона СССР дар намоишгох ва Я.-хои байналхалки иштирок мекунад; то с. 1981 дар 11 Я.-чои байналхалкие, ки дар Хиндустон (Ню-Дехли; 1972), РДГ (Лейпциг;1974), Туркия (Измир; 1975), Миср (Кохира; 1976), Эрон (Техрон; 1976), Сурия (Димишк; 1977), Булгория (Пловдив; 1978), Афгонистон (Кобул; 1979), Ирок, (Багдод; 1979), Алчазоир (Алчазира; 1980) ва Польша (Познань; 1981) барпо шуданд, иштирок намуд. Дар Я.-хои байналхалкии Димишк, Пловдив, Багдод, Алчазира ва Познань бисёр навъхои махсулоти Точикистон (мас., «Сатин набивной — артикул 649»-и Иттиходияи истехсолии матоъхои пахтагин, «Атлас абровый 29»-и Иттиходияи «Точикатлас»-и Душанбе, колини Иттиходияи колинбофии Кайроккуми Ленинобод)-ро бо медали тилло ва Грамотаи Фахри кадр намуданд.

Ад.: Павлов К. Я., Международные ярмарки и выставки, М., 1962; Бродский И. Л., Гальперин Л. В., Оптовые ярмарки в СССР, М., 1972.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …