Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЯКПАЛЛАГИХО

ЯКПАЛЛАГИХО

yakpalagiho

ЯКПАЛЛАГИХО, растанихои якпаллa (Monocotyledoneae, Mono-cot yledones ё Liliatae), як синфн растанихои пушидатухмро гуянд, ки чанинашон як тухмпалла дорад. Я. камбий надоранд (аз ин ру решаву поя гафс намешавад) ва бо хамин хусусият аз дупаллагихо фарк мекунанд. Факат баъзе намудхои Я., ки дар кисми берунии -узвхояшон камбий хаст, гафс мешаванд. Я. аксаран гиёханд (ба чуз аждардарахт — Dracaena draco ва чанд навъи дигар). Я. беш аз 65 хаз. намуд (65— 70 оила)-ро дар бар мегиранд. 15— 20% растанихои дарачаи оли Я. мебошанд. Дар СССР зиёда аз 2600 намуд, аз он чумла дар Точикистон 768 намуд (аз 153 чинс ва 17 оила)-и растанихои якпалла месабзад. Бисьёр Я. (гандум, чуворимакка, шоли, чав, чавдор, чувори, арзан, сули, найшакар ва г.) растанихои гизоиянд. Баъзеи он хо (чорубак — Ров, ковил — Stia, сулигиёх — Festuca, арзанак —Phleum ва г.) хуроки чорвоанд. Меваи навъхои гуногуни нахл (норчил, тамр, чавз ва г.) хурданбоб буда, аз онхо канд, май, равган, шир, масолехи техникию бинокори ва нах мегиранд. Баъзе растанихои ороиши (лола, занбак, холмон, сич ва г.)., сабзавот (пиёз, cap ва г.), растанихои доруи, сервитамин ва сернах хам аз чумлаи Я. мебошанд. Я.-ро одамон фаровон истеъмол мекунанд.


Ад.: Флора Таджикской ССР. т. 1, 2, М —Л., 1957; 1963; Тахтаджян А. Л., Система филогения цветковых растений, Й,—Л., 1966; Цвелев Н. И., Злаки СССР, Л., 1976.

С. Юнусов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …