Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЯГОНАГИ ВА МУБОРИЗАИ ЗИДХО

ЯГОНАГИ ВА МУБОРИЗАИ ЗИДХО

ЯГОНАГИ ВА МУБОРИЗАИ ЗИДХО, як конуни асосии диалектикаро гуянд, ки манбаи харакати фитрию инкишофи падидахои табиат ва вокеияти ичтимоию таърихиро ифода намуда, конуни умумии маърифат низ дониста мешавад. Конуни Я. дар фалсафаи марксисти «чавхари» диалектикаро ташкил медихад.

Аз файласуфони атика Афлотун диалектикаи Я.-ро нисбатан муфассал тадкик кардааст. Дар давраи Эхё мутобикати зидхоро Николаи Кузани ва Ч,. Бруно инкишоф доданд. Дар замони нав И. Кант (антиномилхо), И. Фихте (диалектика дар фаъолияти «Май») ва Г. Гегель таълимотро оид ба Я., ки яке аз заминахои мухимтарини таърихи диалектикаи марксисти гардид, ба вучуд оварданд.

Дар фалсафаи хозираи буржуази позитивистон зидхоро аз кутбхо ва муносибати зидхоро аз пурра кардани якдигар иборат медонанд. Иррационалистон зидхоро антиномияхои принципан халнашаванда мешуморанд ва реформистону ревизиовистони рост барои манфиатхои созишкоронаи худ шуда, ба хам ошти додани онхоро таргиб мекунанд. Ревизиовистони чап бошанд, муборизаи зидхоро ба дарачаи мутлак расонида, ба волюнтаризм дар сиёсат рох медиханд.

Фалсафаи марксисти гояхои диалектикаи фалсафаи гузаштаро аз мавкеи материализм инкишоф дода, дар навъ тафсири идеалистии диалектикаро рад мекунад ва Я.-ро конуни мухимтарини диалектикаи материалисти — таълимоти умуми оид ба инкишофи табиат, чамъият ва тафаккур мешуморад. Мувофики таълимоти фалсафаи марксисти асоси хама гуна инкишофро зиддият — мубориза (бахамтаъсиркуни) -и тарафхо ва тамоюлхои хамдигарро истиснокунанда ва дар айни хол дар ягонагии дохили ва бо якдигар таъсиркунанда ташкил медихад. Ягонагии зидхо нисби ва муборизаи онхо абсолютист; ягонаги ба мархилаи ибтидоии инкишофи ихтилофот (ягонагии бевоситаи зидхо, мустакилияти онхо) далолат карда, мубориза зинаи олии инкишоф —хадди нихоии тезутундшавии тарафхои зид, халли зиддиятро ошкор менамояд, ки он боиси тагйироти сифатии объект ва пайдоиши ихтилофоти нав мегардад. Дар фалсафаи марксисти Я. Принципи асосии методологи мебошад. В. И. Ленин тадкики онро «…хамчун конуни дониш (ва конуни олами объективи) (Ас.,ч 36, с. 371) икдоми мухим мешуморад.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …