Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЯГЕЛЛО Иван Дионисьевич

ЯГЕЛЛО Иван Дионисьевич

yagello

ЯГЕЛЛО Иван Дионисьевич (1865, ш. Юрьев, руб. Лифляндия, хозира РСС Эст.— 31. 8. 1942, Москва), ходими харби, шаркшиноси рус. Аз оилаи бахрнавард (штурман). Я. забонхои англиси, немиси, франсави, араби, форси, урду ва пуштуро ба хуби аз худ кард. Вай солхои зиёд дар Туркистон (Тошканд, Ашкобод) хизмат карда, ба офицерони рус аз забонхои шарки (форси, урду ва г.) дарс мегуфт. Чанде дар Помир хизмати харбиро идома дод. Вай дар ташкили мактабу маорифи ин нохия, ёрии тибби расонида ба ахоли амалан ва тавассути маколахо мадад расонидааст. Я. пас аз Рев. Октябрь ба хидмати Армияи Сурх камар баст. Вай то охири умр ба тарчума ва таълифи маколаву рисолахо машгул шудааст.

Я. хангоми кору тадрис якчанд лугату дастурхои таълими («Маълумот оид ба кшпвархои хамсархади округи Туркистон», 1906; «Грамматикаи забони форси», 1922 ва г.) таълиф намудааст. Ба калами у инчунин якчанд лугатхои урду-руси, форси-руси, руси-форси тааллук доранд, ки мухимтаринашон «Фарханги мукаммали форси-араби-руси» мебошад. Асархои лексикографии Я. материали забони зиндаи гуфтугуиро дар бар гирифта, ахамияти амали доштанд ва барои тартиб додани фархангхои дигар хамчун сарчашма хизмат кардаанд.

В. Капранов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.