Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЗИРОА Абузаръа

АБУЗИРОА Абузаръа

АБУЗИРОА Абузаръа, Муаммарии Гургони (соли таваллуд ва вафот номаъ­лум), шоири форс-точик (охири асри 10). Мувофики маълумоти Мухаммад Ав- фи дар «Лубоб-ул-албоб» Абузироа дар охирхои салтанати Сомониён ба доирахои адабии Бухоро рох ёфта, дар васфи хокимони сомони касидахои мадхи навиштааст. Аз ашъори Абузироа то замони мо хамаги 11 байт боки мондаанд. Дар ашъори у охангхои рухафтодаги ва ноумеди хис карда мешавад. Зохиран, носозихои рузгор ин шоирро хеле рухафтода карда будаанд:

Чи пуши чавшани гафлат, ки рузе

 Ту боши тири мехнатро нишона.

Амал бо умрат андар нех ба меъёр,

Нигох кун, то кучо гардад замона.

* | *

Чахоншинохта гаштам ба рузгори дароз,

 Ниёзу ноз бидидам дар ин нишебу фароз,

 Надидам аз паси дин хеч бехтар аз хасти,

 Чунонки нест пас аз кофири батар зи ниёз.

Адабиёт! Мухаммад Авфи, Лубоб-ул-албоб,  Тошкент„ 1333 хичрии шамси; Забехуллохи Сафо, Таърихи Адабиёт дар Эрон, чилди 1, Tошкент, 1332 хичрии шамси.  У. Тоиров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.