Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУУБАЙДИ ЧУЗЧОНИ Абдулвохид ибни Мухаммад

АБУУБАЙДИ ЧУЗЧОНИ Абдулвохид ибни Мухаммад

АБУУБАЙДИ ЧУЗЧОНИ Абдулвохид ибни Мухаммад (сол ва чои таваллуд номаълум-вафот 1047, Хамадон), олим ва донишманди форсу точик, яке аз машхуртарин шогирдон ва мулозимони Ибни Сино. Соли 1012 хангоми мусофирати Ибни Сино аз Дехистон ба Гургон бо у ошнои пайдо намуд ва то охири умри устодаш уро хамрохи кард. У хар руз назди Шайхурраис китоби «Ал-Мачасти»-ро кироат мекард ва Ибни Сино рисолаи «Ал- Мухтасар-ул-авсат»-ро дар Гургон ба вай имло менамуд.

Вакте Ибни Сино дар Исфахон бо дастури Алоуддавла хост, ки расади кавокиб ва зичи чадиде тадвин кунад, Абуубайди Чузчони тахияи абзору олоти ин корро ба ухда гирифт ва санъатгаронро ба кор кабул кард. Бо исрори Абуубайди Чузчони «Китоб – уш – шифо» навишта шуд. Абуубайди Чузчони мукаддимае ба «Китоб-уш-шифо» навишт. У баъди марги устодаш бахши риёзии кито­би «Китоб-ун-начот»-ро тахия кард ва ба он китоб афзуд.

Бахши мусики ва риёзиёти «Донишномаи»-и Ибни Сино ва тарчимаву талхиси бахши риёзиёти осори дигари Шайхурраис низ ба калами у тааллук доранд. Абуубайди Чузчони  пас аз марги устодаш руйхати пурраи асархои Абуалии Синоро тартиб дода, уро, ки худи Сино огоз намуда буд, ба анчом расонид. Ин рисола ягона манбаи эътимодбахш оид ба хаёт ва фаъолияти Ибни Сино. Аз зиндагии Абуубайди Чузчони  пас аз марги устодаш низ иттилооте дар даст нест.

.аълифоти Абуубайди Чузчони  асосан ба шархи хол ва тавсифи осори Ибни Сино тааллук дорад. «Рисолаи саргузашт», «Шархи «Касидаи айния», «Шархи «Ал-конун фи-тиб», «Китоб-ул-хайвон», «Хай ибни Якзон», «Дебоча»-и «Китоб- ун-начот», «Шархи киссаи «Шархи киссаи «Саломон ва Абсол» аз ин чумлаанд.

Адабиёт: Султонов. М., Ахамияти рисолаи сар­гузашт дар омузиши ахвол ва осори Ибни Сино. Душанбе, 1980; М у и н Мухаммад. Мукаддима бар илохиёти Донишномаи Аълои, Тошкент, 1331; Доират- ул-маорифи бузурги исломи, чилди 5, Тошкент, 1383.

М. Хазраткулов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.