Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУТАЙИБИ ТОХИР

АБУТАЙИБИ ТОХИР

АБУТАЙИБИ ТОХИР, (861, Марв -913, Бухоро), мусикишиноси форсу точик. Аз донишмандони илми мусичии ахди Сомониён. Асосхои амали ва назариявии мусикиро назди Абулаббоси Сарахси (вафот 899), Ахмади Сарахси (вафот 901), Абулаббоси Бах­тиёр (вафот 920) омухтааст. Дар омузишу таргиби осори хаттии пахлави, шарху тафсири асархои донишман­дони Юнони Кадим – Арасту, Афлотун, Никомах, Батлимус ва Уклидус сахми босазо гузоштааст.

Асархои чанде аз ин мусикидононро ба араби тарчума карда, ба онхо шарху эзох навиштааст. Абутайиби Тохир оид ба мусики асархои мукаммали назарияви, аз чумла «Китоб-ул-одоб-ил-гиноъ» ва «Китоб фи-н-нагам» навиштааст. У дар ин асархояш мусикиро чун илм ва санъат тафсир дода, оид бо созхои мусики, чанбахои гуногуни созу овоз, комёбию норасоихои афкори мусикишиносони Юнони Кадим нуктаи назари худро баён намудааст. Бино ба гуфти Ибни Надим («Ал-Фехрист») ва Ибни Усайбия («Уюн-ул-анбаъ») тарчумаи «Конунхои мусики»-и Афлотун аз чониби Абутайиби Тохир аз чумлаи бехтарин тарчума ва тафсирхо будааст.

Абутайиби Тохир дар асархояш ба анъанахои таърихии афкори мусикии мардуми эронинажод диккати махсус дода, мусикии ахди Сосониёнро аз сахифахои бой ва рангини созу овоз шуморидааст. Хусусан дар асараш «Китоб фи-н-нагам» («Китоб оид ба сурудхо») баробари тафсири таркиботи суруд, таронахои кадимии тоисломи ва замонаш, инчунин рочеъ ба силсилаи «Хусравониёт», «Форси­ст», шаклхои маъмули сарояндагии ахди Сосониён «чома» («чакомак»), «транак» («тарона»), «патвожа», «пахлавиёт» маълумоти мукаммал дода, онро ба хаёти мусикии асрхои 9-10 пайвастааст. Офаридахои Абутайиби Тохир хамчун сарчашмаи муътамади мусики эътироф шуда, дар халли би­сёр масъалахои созу овоз чун дастур кумак намудаанд. Аз чумла Абунасри Фороби дар «Китоб-ул-мусики-ал- кабир» аз онхо бахра бардоштааст.

Адабиёт: Р а ч а б о в А., Суннат ва навовари дар тамаддуни мусикии замони Рудаки, Душанбе, 2008.

А. Рачабов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.