Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / АБУТАЙИБИ МУСЪАБИ

АБУТАЙИБИ МУСЪАБИ

АБУТАЙИБИ МУСЪАБИ Мухам­мад ибни Хотам (соли таваллуд номаълум – вафот 938), шоири форс-точик. Абутайиб куния ва Мусъаби тахаллусаш мебошад. Аз ишорахову тавсифхои сарчашмахои адаби (масалан, «Лубоб-ул- албоб»-и Мухаммад Авфии Бухорои) бармеояд, ки шахси донишманд, со- хибмаърифат ва сиёсатмадор будааст. Аз шеъри дар васфи Рудаки сурудааш маълум мешавад, ки бо ин шоир дусти ва рафокат доштааст.

Бо шахсияти дигари бонуфузи дарбори Сомониён – Балъами низ дуст буд. Хамрохи вай корхои вазорат ва рисолати амир Насри П-ро ичро мекардааст. Гардези дар «Зайн-ул-ахбор» меорад, ки Абутайиби Мусъаби маъзул шудани Балъами (907) ва ба чойи у омадани вазир Абуалии Чайхониро намехост. Боре ба фармони амир мухолифат кард ва ба катл расид.

Абутайиби Мусъаби шоири касидасаро буд. Ба забонхои форсии точики ва араби шеър мегуфт. Ашъори арабиаш дар «Ятимат-уд-дахр»-и Саолиби оварда шудаанд. Байти зе­рни намунае аз шеъри уст:

Чахоно, камоно фусунию боди,

Ки бар кас напоию бо кас насози.

А. Абдуллоев.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …