Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / АБУСАЙИДИ СИЧЗИ

АБУСАЙИДИ СИЧЗИ

АБУСАЙИДИ СИЧЗИ ибни Му­хаммад ибни Абдучалил (такрибан 951— 1024), мухандис ва хайатшиноси Сичистони. Асархои Абусайиди Сичзи бештар ба шаклсозихои геометри, буришхои махрути (конуси), вобастагии гипер­бола ба асимптотахояш, трисексияи кунч, масъалахои нучум ва ба сохти афзори муначчими бахшида шудаанд. Кариб 30 рисолаи Абусайиди Сичзи  то давраи мо расидааст, ки дар китобхонахои гуногуни чахон махфузанд. «Рисолаи фи васф-ул-кутуъ-ил-махрутия» («Рисола дар васфи буришхои конуси»), «Китоб-ут-таркиб ил-афлок» («Китоб рочеъ ба таркиби фалакхо»), «Китоб- ул-мизочот-ил-кавокиб» («Китоб дар бораи мизочи ситорахо») аз чумлаи онхоанд. Асархои Абусайиди Сичзи  дар инкишофи риёзиёти Шарк роли мухим бозида, ба пешрафти математикаю астро­номиям Европа таъсир расондаанд.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …