Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУСАИД БАХОДУРХОН

АБУСАИД БАХОДУРХОН

АБУСАИД БАХОДУРХОН, охирин хони мугул аз силсилаи Элхонхо. Абусаид пас аз марги падараш Улчойтухон (1316) дар Табрез ба тахти салтанат нишаст, вале чун чавон буд, кудрати вокеи дар дасти амир Чупон карор дошт. Авзои сиёсии ин давра ба сомон набуд; амирони мугултабор пай дар пай киём ме- бардоштанд. Окибат соли 1324 амирони мугул бар зидди амир Чупон шуриданд. Вазири нав Нусратуддин Одили Насави натавонист дар ислохи умури идори муваффак шавад. Дар натичаи даргирихо, Абусаид бо бахонае амир Чупон ва фарзандони вайро ба катл расонд (1338).

Руйдодхои сиёси  ва низомие, ки дар ин муддат рух доданд, гайримустаким боиси равнаки нуфузи Усмониёни турк дар Осиёи хурд гардиданд. Пас аз катли амир Чупон, давраи нави хукумати Абусаид огоз мешавад, вале дар Хуро­сон ошубхои амирони мугул дубора шиддат гирифтанд. Хар як аз амир ё волии элхониён хохони истиклол шуда, нохияи Хирот, Балх, Нишопур, Мозандаронро пайваста горат мекарданд. Оли Карти Хирот низ ба­рои истиклоли хеш мубориза мебурд.

Мугулони чагатои пайваста ба шахру вилояти Хуросон хамла мекарданд. Абусаид тавонист шуриши Тош Темур ва Но­рин Тугойро саркуб намояд. Ба хамин тарик, Абусаид  хукумати худро дар Ху­росон баркарор кард, вале дар юриши зидди Узбакхон (1336) бар асари бемори дар Каробоги Озарбойчон даргузашт. Абусаид сиёсати мусолиматомезе бо мамлукони Миср дошт. Иддае аз шоирони маъруфи он рузгор, аз кабили Хочуи Кирмони, Авхадии Марогаи, Ахмади Табрези шахсият ва фазоили Абусаидро тавсиф кардаанд. Абусаид илова бар сурудани шеър, хати арабиро хеле зебо менавишт. Хамчунин ба мусики низ мухаббат дошт ва удро неку менавохт.    Л. Бойматов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.