Маълумоти охирин
Главная / Илм / АБУМУСЛИМНОМА

АБУМУСЛИМНОМА

«АБУМУСЛИМНОМА», яке аз нахустин асархои насри омиёнаи форси- точикист. Аз нигохи навъи адаби (жанр) ин асар достони размию таърихи буда, падидахову руйдодхои хам вокеиву хам хаёлиро фаро гирифтааст. Кахрамони марказии дос­тон шахси таърихи, пешвои шуриши зидди Хилофати Умавиён Абумусли­ми Хуросонист. Дар миёнаи асри 8 дар сарзаминхое, ки мардуми эронинажод, аз чумла точикон, маскун бу­данд, норозигии мардум аз Хилофати араб бар авчи хеш расид. Намояндагони хонадонхои Аббосиёну Алавиён аз ин хол бахра чуста, алайхи Умавиён бархостанд.

Дар ин нукта хадафхои давлатхохии Аббосиёну Алавиён бо ормонхои озодихохонаи мардуми эронинажод мувофик омаданд. Аббосиён, ки худ бештар ба нерухои зиддиумавии эрониён такя доштанд, Абумуслими Хуросониро ба пешвоии ин шуриш бардошганд. Соли 747 Абумуслим парчами сиёхи Аббосиёнро барафрошт ва шуриши озодихохиву зиддиумавии мардуми Хуросон, Мовароуннахр ва Эронро сарвари кард. Соли 750 Абумус­лим нерухои Умавиёнро шикаст дод ва халифа Марвони Химорро кушт. Бо хамин хилофат ба дасти Аббосиён гузашт. Пас аз ин пирузи Аббо­сиён Абумуслимро амири Хуросон таъйин карданд. Аммо Абумуслим, ки худ марди сарбаланду бошараф буд, бо хулафои Аббоси муносибати магруронае дошт. Аз ин ру Аббосиён аз у хавф доштанд.

Халифаи дуюми Аббоси Абучаъфари Мансур дар пайи нобудии Абумуслим афтод. У борхо Абумуслимро назди худ хонд, аммо Абумуслим гуш ба сухани у намедод. Саранчом соли 755 Абумуслим ба пойтахти Мансур омад. Абумансур уро дар кушки худ бурд ва хоинона бикушт. Хамин аст бунёди таърихии дос­тон, ки бо вокеияти таърихи умумияти тамом дорад. Дар хама нусхахои дастнависи достони «Абумуслимнома» офарандаи онро Абутохири Тартуси (дар баъзе навиштахо Тарсуси) гуфтаанд. Масалан, дар пешгуфтори яке аз тарчумахои туркии «Абумуслимнома» гуфта шудааст, ки онро бо хохиши Султон Махмуд (хукмронии 998 – 1030) Абутохири Тартуси таълиф кардааст.

«Абумуслимнома» нахуст дар шакли дахони пайдо шуда, сипас чун китоб ба табъ расидааст. Аз ишорахои таърихномахо бармеояд, ки «Абумуслимнома А.» охири асри 11 дар шакли хатти мавчуд будааст. «Абумуслимнома » аз огози пайдоиши худ то солхои 20 асри 20 машхуртарин достони омиёна будааст. Дар ин муддати дароз дар сарзаминхои пахновари форсиён ин достон ба дигаргунихои фаровон дучор шудааст. «Абумуслимнома» падидаи мухити демократист ва мундаричаи гоявии он низ дар савияи афкори ин мухит аст. Офарандагони достон, ки худ аз ми­ёни омиён берун омадаанд, онро ба завку чахонбинии худ мувофик кардаанд. Аз ин ру, кахрамонони он, агарчи бархе аз онхо шоху шохзодаанд, рухи омиёна доранд. Кахрамони марказии асар Абдуррахмон, ки кунияташ Абу­муслим аст, парвардаи хамин мухит мебошад. У дар дехаи Мохони Марв ба дунё омада, дар мухити мардуми захматкаш кору зиндаги омухтааст. Давлатмандон уро хезумфуруш мегуфтанд ва бо у нописандона муносибат мекарданд. Абдуррахмон корномахои худро бо ёрии дустонаш Хурдаки охангар, Абутохири сайкалгар, Абуалии дуредгар, Абучаъфари гилкор, Исхоки кундашикан ва кишоварзону пешоварон анчом медихад. Достонсароён сахт кушидаанд, ки рохи кахрамони хешро аз хезумфуруши то ба пойгохи сипахсолориву амири бо рангхои хар чи дурахшонтар тасвир кунанд. « Абумуслимнома» асари пурмочаро аст.

Мундаричаи достон саршор аз ходисахои таърихи буда, бо омезахои ангори басо пахновару ганиву рангинтар ба тасвир расидаанд. Аз мавкеи таърихии набарди Абумуслим бо Умавиён дар достон танхо ишорае мавчуд асту бас. Бештар корзору корномахои Абумуслиму Ахмади Замчи, Мизробшохи Чахонгири Хоразмиву Маликзод, Турки Тахмоспу Тарид ва дигар размиёни сипохи Абумуслим, айёрихои Зулобиву Боди Ялдо, Чонфулусу Догуливу Качпо ва дигар тас­вир ёфтаанд, ки аз вокеахои хушки таърихи рангинтар ба назар мерасанд. Махз хамин сабаб дар муайян кардани жанри асар душворие пеш меорад. Набардхои танбатани пахлавонон асарро ба хамосаи разми наздик сохтааст. Он мочарову саргузаштхои шигифтовар, ки айёрон аз cap мегузаронанд, асарро ба жанри роман (ба истилохи имруза) монанд мекунанд.

«Абумуслимнома » яке аз чолибтарин достонхоест, ки расму ойини мардуми оди, мухити зиндаги ва андешаву ангораи зебоишиносии ононро басо дурахшону рангин бозтоб кардааст. Он мухити озоду демократие, ки достонгуёну шунавандагони ононро фаро гирифтааст, як омили мухими ошкоро баён кардани нихонтарин розхо дар дос­тон гардидааст. Хамин мухит барои кор бастани хандаи омиёна дар дос­тон созгори кардааст. Ханда яке аз мухимтарин воситахои корбасти ан­дешаву орзухои мардуми ранчбар дар хунарномахои онхо буда, муносибати офарандагони ин достонро ба хасти ва рузгори ичтимоиву сиёсии замон ифода мекунад. Ин вижагии мухтавои достон онро аз баландии вижагии жанрии хамосаи разми ба зер овар­да, бо мухити зиндагии офарандагону шунавандагони он хамсоз мекунад ва чанбаи романии онро меафзояд. Бархе кирдорхои зишти кахрамонони махбуб акидаи деринаи нодурустеро, ки гуё «Абумуслимнома» асари динист, аз бех инкор мекунад. Дар достон гояхои ичтимоии давр бо хаводиси таъри­хии рузгор дар хамбастаги тасвир шудаанд. Адолатхохи, ки мардуми ранчбар хамеша хостори он будаанд, дар маркази тасвири достони «Абумуслимнома» чой доранд. Аммо хар намояндаи гурухи чомеа ин пиндорро аз дидгохи суду зиёни худ шарх медихаду мепазирад. Дар достон, ки офаридаи мардум аст, падидахову руйдодхои таърихи, ичтимоиву сиёси бештар аз дидгохи онон шарх ёфтаанд. Чахони рангини достонии асар чахони ормону андешахои худи мардум аст. «Абумуслимнома » борхо ба забонхои турки тарчума шуда, дар миёни мардуми туркизабон низ шухрати тамом дорад.

Нашрияи: Абумуслимнома, Душанбе, 1994.

Адабиёт: Салимов Ю., Насри ривоятии форсу точик, Душанбе, 1971; Брагинский И. С., Очерки из истории таджикской литературы, Москва, 1958; Борщевский Ю. Е., Персидская народная литература. Плутовка из Багдада, Москва. 1963; Чиллаев К., Народный роман «Абумуслимнаме», Душанбе. 1985.      К Чиллаев.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …