Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛЪАЛОИ ШУШТАРИ

АБУЛЪАЛОИ ШУШТАРИ

АБУЛЪАЛОИ ШУШТАРИ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс- точик (асри 10). Чузъиёти тарчумаи холаш маълум нест. Шоирону адибони асрхои 11 – 12 аз у чун шоири забардасту тавоно ёд кардаанд. Масалан, Манучехри Абулъалои Шуштариро дар як шеъраш аз чумлаи шоирони забардасти ахди Сомониён ном бурдааст. Абулъалои Шуштари яке аз аввалин касонест, ки рисолахои адабиётшиноси таълиф кардааст. Бино ба ишораи Родуёни, дар илми аруз ба забони форси-точики асаре таълиф карда будааст.

Аз осори Абулъалои Шуштари то хол 19 байти дар фарханги Асадии Туси («Лугата фурс») ва «Тар- чумон-ул-балога»-и Родуёни сабтгардида дастрас шудаанд. Ду байт ба тарзи муаммо ба номи «Али» дорад, ки ин нишонае аз кадими будани муаммонависи мебошад. Абёти дигараш дар мавзуъхои ишки, ситоиши май нигошта шудаанд. Абёти зерин намунае аз ашъори уст:

Биёвар он ки гувохи дихад зи чом, ки: «Ман
Чахор гавхарам андар чахор чой мудом –
Зумуррад андар токам, акикам андар гужб,
Сухайлам андар хум, офтобам андар чом».

Адабиёт: Ашъори хамасрони Рудаки, Душанбе, 2007.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.