Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛЪАЛОИ ГАНЧАВИ

АБУЛЪАЛОИ ГАНЧАВИ

АБУЛЪАЛОИ ГАНЧАВИ Низомудднн (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-точик (асри 12). Пас аз тахсили улум ва расидан ба синни камолот ба хидмати намояндан сулолаи Шервоншохиён Манучехр (хукмронии 1120 – 1150) омад ва чун сардафтари шоирони мухити адабии Шервон унвони маликушшуарроро сохиб гашт.

Инчунин тазкиранависон аз у чун устоди Хоконии Шсрвони ва Фалакии Шервони ёд кардаанд. Шоирони дарбор ба у хасад мебурданд, дар назди хоким чун ифшогари рози давлат ба у тухмат карданд. Бар асари ин тухмату игвохо Абулъалои Ганчави аз дарбор ронда шуд. Девон доштааст, вале то хол дастрас нагардидааст. Аз порахои касоид, газалхо ва абёти бокимондааш бармеояд, ки шеърхояш маъниву мазмуни баланд доранд.

Дар онхо мавзуъхои хасби хол, мадх, фахр, шикоят аз беадолатихои замона, панду андарз ва гайраро дарёфт метавон кард. Абёти зерин аз уст:

Замирам абру сухан гавхар асту дил дарё,
Забон мунодии ин гавхару замона бахо.
Ба чун мане, ки зи акрони худ сабак бурдам,
Гар ахли Ганча тафохур кунанд, хаст сазо.
Суханварон ба ман ар иктидо кунанд, сазад.
Аз он кибал, ки манам кудваи хама шуаро…
Чу шуд равони Имоди ба ман гузошт шараф,
Чу рафт чони Санои ба ман бимонд сано.
Зи лафзу мартабаю куввату сафо назмам.
Гумон бари, ки зи нор асгу обу хоку хаво.

Адабиёт: Адабиёти форсу точик дар асрхои XII -XIV, кисми 1, Душанбе, 1976.        М. Диловаров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.