Маълумоти охирин
Главная / Илм / АБУЛМУАЙИДИ БАЛХИ

АБУЛМУАЙИДИ БАЛХИ

АБУЛМУАЙИДИ БАЛХИ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва нависандаи форс-точик. (асри 10). Абулмуайиди Балхи дар замони Абулкосим Нух ибни Мансури Сомони (хукмронии 976— 997) зиндаги ва эчод кардааст. Дар чавони ба сухбати Рудаки расидааст. Асари машхури у «Ачоиб-ул-булдон» аст. Абулмуайиди Балхи  ду асари дигар таълиф кардааст, ки яке «Шохнома»-и мансур буда аз байн рафтааст ва танхо фасле аз он то замони мо ра­сидааст, ки онро «Гаршоспнома» низ меноманд. Муаллифи «Таърихи Систон» дар китоби худ хамон кисматро овардааст, ки кадимтарин намунаи насри бадеии форсист. Асари дуюми у достони «Юсуф ва Зулайхо» аст. Абулмуайиди Балхи дар адабиёти форс-точик аввалин шоирест, ки ин киссаро ба назм даровардааст, вале он то замони мо нарасидааст. Аз мероси адабии Абулмуайиди Балхи  гайр аз асари «Ачоиб-ул-булдон» як микдор абёти пароканда (20 байт) боки мондааст. Ашъори бокимондаи Абулмуайиди Балхи  асосан лирики буда, тасвири табиат, панду ахлок, мардонагию далери, ишк ва мадхро дар бар мегиранд. Абёти зерин аз уст:

Малул мардуми колусу бемахал бошад,

Макун, нигоро, ин хуву табъро бигзор.

***

Далере, ки тарсад зи пайкори шер,

Зани зоч хонаш, махонаш далер.

Рузи качихо дарунсоф бош,

Ростгирои рахи инсоф бош.

Адабиёт: Захрои Хонлари, Рохнамои ада­биёти форси, Тошкент, 1340 хичрии шамси; Саид Нафиси, Ахвол ва ашъори Абуабддуллох Чаъфар ибни Мухаммад Рудакии Самарканди, чилди I, Tошкент, 1311 хичрии шамси; Ашъори хамасрони Рудаки, Душанбе, 2007.

У. Тоиров.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …