Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛХАСАНИ СИМЧУРИ

АБУЛХАСАНИ СИМЧУРИ

АБУЛХАСАНИ СИМЧУРИ Му­хаммад ибни Иброхим ибни Абиум- рон (соли таваллуд  номаълум – вафот 989, Ни­шопур), сипахсолори Хуросон дар ахди Сомониён. Абулхасани Симчури мачмуаи наздик ба си сол дар макоми сипахсолории хукумати Хуросон буд. То замони интихоби у ба вазифаи шахнагии Нишо­пур (954) дар девони Бухоро фаъолият дошт. Пас аз катли сипахсолори Хуросон, макоми сипахсолори насиби Абулхасани Симчури  гардид. Аммо сиёсати у чандон бомуваффакият набуд ва дар андак муддат аз вазифа сабукдуш шуд. Дар охирхои давраи Абдумалик ибни Нух бо химояти вазир Абуалии Балъ- ами (961) Абулхасани Симчури дубора ба макоми сипахсолори расид ва фармон гирифт, ки бо Абумансур Абдураззоки Туси набард кунад.

Пас аз саркуби ва катли Абумансур Абулхасани Симчури  вориди Ни­шопур шуд ва наздик ба бисту як сол сипахсолор ва волии Хуросонро буд. Зохиран, дар ин навбат вай тавонист бо тагйири сиёсат оромишро дар Ху­росон баркарор ва мавкеияти хешро хифз кунад. Абулхасани Симчури  дар ин муддат таво­нист бо талоши хеш ва бо хамкории вазирон Абучаъфари Утби ва Ибни Амид миёни Оли Буя ва Сомониён сулх эчод намояд (972). Ин сулх бар нафъи амири сомони буд. Бар мабнои ин карордод Оли Буя пазируфт, ки со­лона маблаги 150 000 динор ба Ман­сур ибни Нух бипардозад. Тадричан байни амир Нух ва Абулхасани Симчури  дар мавзуи интихоби вазири нав ихтилоф ба миён омад. Амир Нух бар хилофи назари Абулхасани Симчури  Абулхусайни Утбиро , ба вазорат гумошт. Миёни Утби ва Абулхасани Симчури низ зиддият ба вучуд омад. Ва­зир фармони азли Абулхасани Симчуриро содир на­муд.

Пас аз азли у Абулаббоси Тош ба макоми сипахсолори гумошта шуд. Пас аз чанде дар як мочаро вазир Абулхусайни Утби ба катл расид ва вазорат ба ухдаи Абулхусайни Музни вогузор шуд. Вазири нав Бодгис ва Ганчи Рустокро ба Абулхасани Симчури  такдим намуд, вале аз умури давлати барканор кард. Баъди ба вазири расидани Абдуллохи Узайр бори сеюм Абулхасани Симчури сипахсолори Хуросон таъин гардид ва то охири умр сипахсолори  Хуросон буд. Абулхасани Симчури сиёсатмадори дурандеш, кордон, хушёр ва дар музокироти сиёси тавоно буд. Равобити у бо умаро ва волиёни Сомониён мусолиматчуёна сурат мегирифт. Вал аз тачриба ва дониши дабирон ва уммоли девон ба хуби истифода мекард.

Гурухи таърихнигорон аз таваччухи Абулхасани Симчури ба олимон ва донишварон, ахли адаб ва шеър ва ташкили мачлисхои илмию адабии у дар дарбор сухан гуфтаанд. Як идда шоирони ахди Сомони дар васфи Абулхасани Симчури мадхияхо сурудаанд. Абулхасани Симчури таваччухи хосе бар таъсиси бинохои ичтимои (корвонсаройхо, масчидхо ва гайра) доштааст. Абулхасани Симчури ба истикрори кудрати худ ва ис- тимрори нуфузи хонадони хеш дар Хуросон накши босазое дошт. Баъд аз марги у амири сомони фарзанди Абулхасани Симчури  Абуалии Симчуриро вазир таъин кард.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.