Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛХАСАНИ ОМИРИ

АБУЛХАСАНИ ОМИРИ

АБУЛХАСАНИ ОМИРИ Мухам­мад ибни Абизари Нишопури (Ни­шопур, 913 – 992, хамон чо), файласуф, мантикшинос ва мутасаввифи Хуросони. Дар зодгохаш ба тахсили улуми дини пардохта, баъдхо ба Балх сафар кард ва назди донишманд Абуязиди Балхи ба омузиши фалсафа пардохт. Баъди марги устодаш ба Бухоро ва аз он чо ба Чоч омад ва дар он чо назди факех Абубакри Каффол илми фикх ва каломро омухт. Дубора ба Бухоро бозгашт.

Асархои у «Ал-аълом би манокиб-ил-ислом», «Ал-амад ва-л-абад», «Ал-такрир ло вачхи-л-такдир», «Ас-саодат ва-л-асъ- од фи сайр-ил-инсония» ном доранд. «Расоил»-и у, ки иборат аз 4 асар мебошад, дар Уммон мунташир шудааст. Абулхасани Омири хамчун файласуфи сохибназар дар кутубу расоилаш масоили офариниш ва маротиби он, назари дин ба он, ахлоку сиёсат ва дигар матолиби фалсафию диниро матрах на- мудааст. Абулхасани Омири таъкид намудааст, ки агар хар кас мафхумхои лугату нахву арузро ба як риштаи тахрир кашида, дар ин кор махорат пайдо кунад, адиб аст ва ин сухан барои хандасию табиатшиносу мантикшинос низ содик хохад буд. Вале касе, ки чунин корро анчом дода, аз он истихрочи маонии таквини (эчоди), кайхони ва илохи кунад, у  файласуф ё хаким аст.

Абулхасани Омири махалли имонро кувваи окилона ва махалли куфрро кувваи мутахаййила каламдод намуда, аввалиро навъи эътикоди содики якини низ медонад, ки аз вучуди хамоханги ва таносуб байни дину фалсафа шаходат медихад. У хамчунин дар осораш дигар матолиби фалсафи, аз кабили фаркияти шинохти инсон нисбат ба шинохти умури мучарраду рухони (фариштагон), илму огохи дар бораи мавчудоти олами малакут, мароти­би вахйро матрах намуда, рохи ошти додани фалсафаю динро пеш гирифтааст. Дар ин робита у истилоххои «дини сахех» ва «акли сарех»-ро истифода намуда, аввалиро дине медонад, ки аз хар гуна тахрифу бидъат ори буда, ба таври мустаким аз сарчашмаи вахй нишот гирифта бошад. «Акли сарех» дар назари у чуз акли  холису холи аз шавоибу ибхом (олудагиву норавшани) чизи дигаре нест. Абулхасани Омири дар ташаккули афкори макта- бу мазхабхои динию фалсафи накши мухим гузоштааст.

Адабиёт:Абулхасани Омири Мухаммад ибни Юсуф, Ал-эълом биманокиб-ул-ислом, Тошкент, 1367;Корбен Хенри.Таърихи фалсафаи исломи, Тошкент, 1961; Доират-ул-маорифи бузурги исломи, чилди 5, Тошкент, 1383.      М. Хазраткулов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.