Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛХАСАНИ НАСАВИ

АБУЛХАСАНИ НАСАВИ

АБУЛХАСАНИ НАСАВИ (соли таваллуд  номаълум – вафот таккрибан 1030), риёздони асри 11 форс-точик. Дар сарчашмахо бо шакли навишти арабии Абул-Хасан Али ибн Ахмад ан-Насави вомехурад. Абулхасани Насави шогирди Хушёри Гелони (Чили) буд. Фаъолияти илмиаш асосан дар шахрхои Рай ва Исфахон дар дарбори султони сулолаи Бувайхиён Мачдуддавла ва дар шахри Газна дар дарбори Махмуди Газнави ва газнавиён ва баъди бархамхурии салта­нати газнавиён боз дар Исфахон дар замони салтанати салчукиён гузаштааст. Рисолахои зерин намунахо аз осори уст: «Китоб ал-ишбоъ фи шарх аш-шакл ал-китъа» («Китоб дар бораи фахмондадихии шакли китъахо»), «Рисола фи маърифат ат-таквим ва- л-устурлоб» («Рисола дар маърифати таквим ва устурлоб»). Рисолаи «Ал- мукни фи-л-хисоб ил-хинди» («Мукаммал дар бораи хисоби хинди») ба забони форси таълиф гардида, сипас ба араби тарчума шудааст.

Нусхаи арабии он холо дар китобхонаи Лей­ден махфуз аст. Рисола аз 4 боб иборат буда, дар он дар бораи амалхо бо ададхои бутун, касри, касрхои омех- та ва хисоби шасти сухан меравад. Абулхасани Насави усули содатарини аз решахои квадрати ва куби баровардани ададро пешниход кард, ки математико- ни европои П. Руффини (1804) ва У. Горнер (1819) онро такмил додаанд.

Абулхасани Насави  ба асархои олимони Юнони Кадим Менелай ва Архимед шарх на­виштааст

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.