Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛХАСАН НОДИРУЗЗАМОНИ ЧАХОНГИРИ

АБУЛХАСАН НОДИРУЗЗАМОНИ ЧАХОНГИРИ

АБУЛХАСАН НОДИРУЗЗАМОНИ ЧАХОНГИРИ (таваллуд 1588/89, Дехи- вафот номаълум), мусаввир ва хаттоти эрони. Мулаккаб ба Нодируззамон. Писари мусаввир Око Ризо, ки аз Эрон ба Хиндустон кучидааст. У хунари хушнависи ва мусаввириро аз падараш омухта, дар синни 17-солагиаш чун мусаввиру хаттот шухрат ёфтааст.

Хати настаъликро зебо менавишт. Яке аз мусаввирон ва мукаррабони шох Чахонгир буд. То замони мо теъдоде аз мусаввара ва минётурахои Абулхасан боки мондаанд, ки аз махорати баланди у шаходат медиханд. Яке аз аввалин асархои Абулхасан ба маросими тохгузории шох Чахонгир (1614 – 15 дар Агра кашида шудааст) бахшида шудааст. Дар ин мусаввара симои амалдорони дарбор, точирон, мехмонони хоричи, хунармандон, ходимон бисёр чаззоб ва хунармандона тасвир шудаанд.

Зери ин тасвир чахор мисраъ шеър бахшида ба салтанати шох бо хати зебои настаълик сабт ёфтааст. Мусаввараи дигари Абулхасан «Асафхон» (Мирзо Абулхасан, аз амаддорони калон, падари Мумтоз Махал (нигаред Точмахал) ва падараруси Чахонгир) ном дорад, ки бо назокати тасвир ва хат хеле чолиб аст. Минётурахои «Шох», «Диалектика» (бар хаккокии рассоми европои И. Заделер), «Савора ва мири шикор» (хар се охири асри 16-ибтидои асри 17, нусхаи мусаввараи охирин хам дар Музейи Британия махфуз аст) ва гайра бо таносуби рангхо ва зебоию нафосат бозёфти тозае дар санъати минётуранигори мебошанд.

Хунари Абулхасан дар офаридани образ ва тасвири манзарахои табиат (куххо, дарёхо, дашту биёбонхо, абрхо, богу гулистон, дарахтон ва гайра) бо равишу сабки хос аз мусаввирони замонаш фарк мекунад.

Дар эчодиёти Абулхасан сабку услуби минётуранигории Эрону Хинд, инчунин таъсири санъати тасвирии Европа мушохида мегардад. Теъдоде аз осо- ри Абулхасан дар китобхонахо ва ганчинахои Санкт-Петербург, Ромпур, Лондон ва гайра махфузанд.

Л. Бойматов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.