Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛХАФСИ СУХРАВАРДИ

АБУЛХАФСИ СУХРАВАРДИ

АБУЛХАФСИ СУХРАВАРДИ Шихобуддин Умар ибни Мухаммад, му- лаккаб ба Шайхулислом (1144. Сухраварди Эрон – 1234, Багдод), мутафаккири мутасаввиф, яке аз асосгузоронн сухравардия. Дар Багдод назди амакаш Абдулкодири Сухраварди улуми расмию шаръиро аз худ кар­да, сипас ба тасаввуф гароид. Аз Абдулкодири Гелони улуми дини, махсусан фикхро омухт. Дар Бас­ра муддате икомат дошт. Сипас ба Багдод омада, ба ваъзгуй машгул шуд. Абулхафси Сухравардиро халифа Носируддин борхо хамчун намояндан худ ба дарбори салтанатии Руму Шом ва Хоразму Балх фиристодааст.

Дар ин сафархояш у бо Ибни Фориз. Ибни Араби, Начмуддини Рози ва Саъдии Шерози сухбат оростааст. Абулхафси Сухраварди асархои бисёре навиштааст, ки мутаассифона хамаи онхо то замони мо нарасидаанд. Аз осори бокимондаи у «Футуватнома». «Рашф-ул-насоех- ул-имония фи кашф-ил-фазоех-ил- юнония», «Рисолат-ус-сайр ва т-тайр», «Иршод-ул-уриддин». «Чазб-ул-кулуб ило мавосилот-ил-махсус) ва гайраро ном бурдан мумкин аст.

Бино ба маълу­моти сарчашмахо «Рашф-ул-насоех- ул-имония фи кашф-ил-фазоех-ил- юнония» аз руи мазмуну мундаричааш ба «Тахофут-ул-фалосифа»-и Газоли ва «Масореъ-ул-фалосифа»-и Шахристони монанд аст. Абулхафси Сухраварди  ба забони форсию араби низ шеър гуфтааст. Акидахои суфиёнаи худро у дар асари машхураш «Авориф-ул-маориф» баён кардааст.         Ё. Одинаев.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.