Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛФАЗЛИ УСМОН ибни Ахмади Хирави

АБУЛФАЗЛИ УСМОН ибни Ахмади Хирави

АБУЛФАЗЛИ УСМОН ибни Ахмади Хирави (соли таваллуд вафот номаълум), шоири точик (асри 12). Аслаш аз Хирот. Дар Нишопур низ зиндаги кардааст. Тазкиранигор Мухаммад Авфи бо у мулокот кардааст ва вайро дар сил­ки шоирони Хуросони ахди салчукии баъди замони султон Санчар (хукмронии 1118-58) меорад. Авфи дар бораи Абулфазли Усмон мегуяд: «Агарчи ба шеъру шоири нисбат надошт, фааммо чун ашъору абёти у матину латиф буд, номи у дар силки шуаро оварда шуд». Абулфазли Усмон  рубоихои хачви ва ишки мегуфтааст. Ин рубои аз уст:

Ди гуфтамаш: «Эй гашта дил аз мехрн ту хун,

 Бар себи ту чист нуктаи голиягун?»

Гуфто: «Зи латофате, ки дар себи ман аст.

Он дона бувад, ки менамояд зи дарун».

Адабиёт: Мухаммад А в ф и, Лубоб-ул албоб, чилди 2, Лейден,1903.   А.Афсахзод.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.