Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛФАЗЛ СУЛЛАМИИ МАРВАЗИ

АБУЛФАЗЛ СУЛЛАМИИ МАРВАЗИ

АБУЛФАЗЛ СУЛЛАМИИ МАРВАЗИ (соли таваллуд номаълум – вафот такрибан 946), аз факехони маъруфи ханафи ва вазири амир Нух ибни Наср. Абулфазл Сулламии Марвази аслан Марви буд ва дар шахрхои Марв, Нишопур, Рай, Багдод, Куфа, Макка, Миср ва Бухоро аз машоихи машхури он рузгор таълим гирифта, баъдхо машоих ва бузургони Хуросон назди у дониш андухтанд. Чун Абулфазл дар фикх устоди амири Сомони – Нух ибни Наср буд, зимоми умурро ба у вогузошт ва ба раъйи у фармон меронд.

Аммо Абулфазл аввалхо аз кабули вазифаи вазири худдори мекард ва баъдан ба исрори амир ин симатро пазируфт. Амир Наср бо хадафи чалби ризои фукахо ва саркуб кардани харакати эътикодии исмоили Абулфазлро ба ин мансаб нишонд. Аммо идораи умури мамлакате чунон бузург ва ахиран хифзи инзиботи лашкариён, ки такягохи умдаи давлат хусусан дар мукобили ракибони тозае хамчун Оли Буя буданд, вазири кордон ва сиёсатдонро такозо мекард, ки Абулфазл аз ин сифот бахра надошт.

Натичаи ин заъфи вазорат ва мудирияти Абулфазл он шуд, ки беш аз шаст миллион дирхам ба барои айшу ишрат пардохт шуд ва хазина холи гашт. Дар ин хангом лашкариёни Нух, ки аз бекифояти ва бадрафтории вазир шикоят доштанд ва уро сабабгори ошуфтагии авзои кишвар донистанд (сабаби шуриши Абуалии Чагони), хохони катли Абулфазл шуданд. Лашкариёни шуриши соли 946 наздики дарвозаи Марв уро ба катл расонданд.   Л. Бойматов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.