Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛАББОС ибни Марвони Сарахси

АБУЛАББОС ибни Марвони Сарахси

АБУЛАББОС ибни Марвони Сарахси (820, Марв, Сарахс – 899, Бухоро), олим, мусикишнноси форс-то­чик. Асосхои илмхои замонаашро дар зодгохаш аз падараш омухт. Абулаббос аз овони чавони ба омухтани илмхои риёзи, шеър ва мусики машгул шуда, заминахои амали ва назариявии мусикиро аз донандагони мусики (Алии Бармаки, Мухаммади Мадини) таълим гирифт. У ба марказхои фархангии хилофат – Багдод, Димишк, Басра сафар намуда, муддате дар фархан- гистони хунари Багдод аз асосхои на­зариявии мусики дарс дод.

Муаллифи «Китоб-ул-агони» Абулфарачи Исфахони ва дигарон аз у илми мусики омухтаанд. Абулабос охири умр ба Бухоро омада, дар мадрасахо аз илмхои дакик ва дунияви дарс медод. У оид ба мусики рисолахои «Китоб-ул-мадхал-ил-илм-ал-мусики», «Китоб-ут- тараннум», «Китоб-ул-мусики ва-ш- шеър» тасниф кардааст. Ба гуфтаи Ибни Абуусайба («Уйюн-ул-анбаъ») Абулаббос дар рушди мусикии назариявии Мовароуннахр, Хуросон, эчоди асар­хои Фороби, Ибни Сино, Ибни Зайла ва дигар таъсири назаррас доштааст.

Адабиёт: Рачабов А., Суннат ва навовари дар тамаддуии мусикии замони Рудаки, Душанбе. 2008; Донишномаи Шашмаком, Душанбе, 2009. А. Рачабов.

Дар борамон

Инчунин кобед

САЪДИ САМАРКАНДИ

САЪДИ САМАРКАНДИ Саъдуддин Асади Наччори (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс- точик (асри 12). …