Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУИСХОКИ АТЬИМА

АБУИСХОКИ АТЬИМА

АБУИСХОКИ АТЬИМА Чалолуддин Халлочи Шерози маъруф ба Бусхоки Атъима ва Шайхи Атъима (соли таваллуд номаълум – вафот 1423), шоири форс-точик. Тахаллус Атьимаро ба сабаби дар бораи таомхо шеър гуфтанаш интихоб намудааст. Дар зодгохаш – Шероз тахсил ва зиндагиву эчод кардааст. Бо касби халлочи машгул буд. Дар шеъру шоири ис­теъдоди баланд дошт.

Дар девони ашъораш, ки то замони мо расидааст касидахо, газалхо, рубоихо, китъахо, муфрадот, тарчеъбандхо, манзумаи «Канз-ул-иштихо», маснавии «Асрори чангол», достони «Музаъфар ва Бугро», рисолахои «Мочарои Биринч ва Бугро», «Хобнома» ва гайра фарохам омадаанд. Мачмуи осори манзуми Абуисхоки Атъима бо назардошти порчахои дар дохили осори мансур овардааш дар худуди 1603 байт аст. Ба газали Хофизи Шерози

Агар он турки Шерозй ба даст орад дили моро,

Ба холи хиндуяш бахшам Самарканду Бухорор чунин чавоб гуфтааст:

Ба пешам чун хуросони гap ори сахни бугроро,

Ба буи каляаш бахшам Самарканду Бухороро.

 Биринчи зарди собуни агар дори, ганимат дон,

 «Канори оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро».

 Чи орои ба мушки заъфарон рухсорн «Полуда»,

«Ба обу рангу холу хат чи хочат руи зеборо?»

Чамоли «Барраи бирён»-у хусни «Дунбаи кашкак»,

«Чунон бурданд сабр аз дил, ки туркон хони Ягморо».

Ман аз он буй рухафзо, ки «Гипо» дошт. донистам,

 Ки зуд аз пардаи пархез берун оварад моро.

 Бигу Бусхок васфи хушаи ангури мисколи,

«Ки бар назми ту афшонад фалак икди Сурайёро»,

Абуисхоки Атъима  ин равияи эчодиро дар колаби навъхои дигари шеър, аз чумла рубои, маснави ва гайра низ истифода кардааст. Бо ин рох у мавзуъхои наву тозаро ба ашъораш ворид сохтааст. Икдоми шоир дар тавсифи таому гизохо ва мукобил гузоштани онхо ба мавзуъхои анъанавии назми форс- точик як навъ навгони буд. Чанде аз шоироне, ки баъд аз Абуисхоки Атъима ба арсаи адабиёт кадам ниходанд, аз чумла Ахмади Атъима, Кории Язди, Савдо ва дигар ба Абуисхоки Атъима  пайрави кардаанд.

Адабиёт: М и р з о е в А., Абуисхок, Душанбе„ 1971.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.