Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУБАКР МУХАММАДИ ХУЧАНДИ,

АБУБАКР МУХАММАДИ ХУЧАНДИ,

АБУБАКР МУХАММАДИ ХУЧАНДИ, Абубакр Мухаммад ибни Собит ибни Хасан ибни Алии Хучанди (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир, донишманди форс-точик (охири асри 11 – ибтидои асри 12). Ба тахсил дар зодгохаш шуруъ намуд ва баъдан барои омузиши илмхои мутадовили давр ба Самарканду Бухоро рафт.

xujandiПас аз хатми тахсили Мад­раса ба Марв омад ва ба ваъзгуи машгул шуд. Дар баъзе мачлисхои ваъзи у адибон, сиёсатмадорон аз кабили Низомулмулк, Авфи, Озар, Абубакри Казвини иштирок карда, ба махорати Абубакр бахои баланд додаанд.

Низомулмулк уро барои кор ба мадрасаи Низомияи Исфахон даъват кард. Пас аз вафоти Низомулмулк ин Мадраса дар ихтиёри Абубакр монд. Абубакр бунёдгузори хонадони Оли Хучанд мебошад, ки дар Исфахон такрибан 200 сол фаъолият доштанд. Абубакр инчунин сарвари мазщаби шофеи буд.

Адабиёт: Саид Н а ф и с и, Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форси, Тошкент, 1344 хичрии шамси.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.