Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУАБДУЛЛОХИ ТИРМИЗИ

АБУАБДУЛЛОХИ ТИРМИЗИ

АБУАБДУЛЛОХИ ТИРМИЗИ Му­хаммад ибни Али ибни Хусайн, маъруф ба Хакими Тирмизи (соли таваллуд номаълум – вафот 908, Тирмиз), мута- факкири мутасавоиф ва таърихнигору мухаккики дин. Аз кудаки ба омузиши илм шавки бисёре дошт. Илмхои замонашро назди машоиху олимони Тирмизу Балх омухта, бо суфиёни Хуросон ошнои пайдо кард. Дар 27- солаги ба мусофират баромада, муддате дар Басра икомат гузид ва сипас ба Макка рафт.

Зимни сафар бо баъзе машоихи суфияи Хичозу Ирок низ хамсухбат шуда, майли гушанишини пайдо кард. Баъди аз сафар баргаштан вакти бештари худро ба риёзату мучохада гузаронид ва дар гушаи узлат ба таълифи асархо пардохт. Ба Абуабдуллохи Тирмизи зиёда аз 126 асарро мансуб медонанд, ки мухимтаринашон «Наводир- ул-усул», «Хатм-ул-вилоят», «Китоб- ур-риёзат ва адаб-ун-нафс», «Арш- ул-мувахиддин», «Китоб-ут-тавхид» мебошанд. Ин асархо ба масъалахои илми калом, хадис, фикх, тасаввуф, тафсир ва фалсафа бахшида шудаанд.

Абуабдуллохи Тирмизи  дар таълимоташ макоми валиро аз наби баланд гузошт, ки ин боиси шуру гавгои мардум гардид ва у мачбур шуд ба Балху Нишопур са­фар кунад. Вале баъзе мухаккикон муътакиданд, ки у дар асл мункириин акида аст, зеро дар «Наводир- ул-усул» аз авлиё макоми бештар доштани анбиёро таъкид кардааст. Эчодиёти у ба ташаккулу такомули тасаввуф ва калом таъсири амик ра­сонидааст. Таълимоти уро шогирдаш Абубакри Варрок интишор додааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.