Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУАБДУЛЛОХИ ФАРОЛОВИ

АБУАБДУЛЛОХИ ФАРОЛОВИ

АБУАБДУЛЛОХИ ФАРОЛОВИ Мухаммад ибни Мусо (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-точик (асри 10). Дар бораи айёми чавони, рузгор ва тахсилоти у дар сарчашмахои адаби маълумот кам аст. Абуабдуллохи Фаролови шоири тавоно ва шухратманди ахли Сомониён буд. Рудаки дар як байташ Абуабдуллохи Фароловиро ном бурдааст:

Шоир Шахиду шухра Фаролови
В-ин дигар ба чумла хама рови.

Бино ба маълумоти сарчашмахо Абуабдуллохи Фаролови  сохиби девони ашъор, маснавие дар бахри хафиф будааст. Вале аз эчодиёти у то замони мо абёти пароканда аз касоиду газалхо боки мондаанд. Шоир бутон – маъшукахоро васф кардааст. Ба масъалахои панду ахлоки, ичтимои руй овардааст. Дар ашъораш калимахову иборахои халкии марбути хочагиву барзгари ва гайра вомехуранд. Абёти зерин аз уст:

На хамчун рухи хубат гули бахор,
На чун ту ба некуи бути татор.
Ё ба гарбела хамчу барзгаре,
Дона аз ках ба чак бисозй соф.
Раво набвад, ки бо ин фазлу дониш,
Бувад шурбам хаме доим зи мунди.

Адабиёт: Ашъори хамасрони Рудаки, Душанбе, 2007.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.