Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБРОР ЗОХИР

АБРОР ЗОХИР

АБРОР ЗОХИР (Имомов Аброр Зохирович; таваллуд 15.1.1965, Сарбанд – 23.11.2015-вафот), нависандаи точик. Университети Давлатии Точикистонро хатм кардааст (1989). Нозир ва мудири шуъбаи комитети комсомолии вилояти Кургонтеппа (1989 – 92), муовини раиси Созмони чавонони нохияи Бохтар (1992 – 93), мудири шуъбаи хафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (1993 – 94), ёвари раис, сардори раёсати Иттиходияи «Точиккино» (1994 – 99), сармухаррири хафтаномаи «Чахони паём»-и Комитети телевизион ва радиои чумхури (1999 – 2000), ди­ректории телевизиони Точикистон (2000 – 04), директори киностудияи «Точикфилм» (2004 – 05), сармута- хассиси шуъбаи иттилоотию тахлилии Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон (2005 – 07).

abror-zohirАз апрели 2007 дирек­тори Китобхонаи марказии шахрии ба номи Абулкосим Лохути. Фаъолияти эчодии Аброр аз нимаи солхои 80 асри 20 огоз шуда дар матбуоти даврии чумхурияви хикоёташ ба табъ расидаанд. Солхои 90-ум киссаю повестхояш «Мочарои хурд дар шахри калон» (1994), «Як рузи хаёт» (1995), «Дуроха» (1996), «Мехмони нохонда» (1997), «Мочарои кабр» (1997), «Васвасаи дунё» (1998) дар мачмги «Садои Шарк» нашр гардидаанд. До­мани мавзуи эчодиёташ фарох аст. Дар услуби тасвиру тадкики бадеии вокеият ва офаридани образ баробари адабиёти пешину муосири точик ба эчодиёти адибони муосири русу Гарб такя кардааст.

Масъалаи ахлок дар осораш мавкеи махсус дорад. Як силсила кисса, хачвия ва романхои Аброр «Мунтасир» (2001), «Бозгашт» (2002), «Мусофири чодаи ишк» (2005), «Шикасти зулмот» (2007), «Гуруби офтоб» (2008), «Мурофиа», «Бомдоди ишк», «Беном», «Бармахида» (2009), «Ману ту ва фаришта», «Мучассамаи ишк», «Майдон» (2010) нашр гардидаанд. Муаллифи сенарияи филмхои бадеии «Мочарои хурд дар шахри калон» (1994), «Мучассамаи ишк» (2003), чандин силсилафилмхои кутох, намоиш- номахои телевизионист. Узви Иттифоки Нависандагон Точикистон аз соли 2000.

Основание: Душанбе, 2008; Ракс дар сояи девори оханин, Душанбе, 2008; Бозии такдир, Душанбе, 2009; Дар чилди одам Душанбе, 2010; Чароги мунаввар, Душанбе. 2010. М. Азизи.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.