Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБРИ ООРТ

АБРИ ООРТ

АБРИ ООРТ, абри курашакли системаи Офтоб, ки манбаи кометахои даврашон тулони мебошад. Мавчудияти Абри Оортро бори аввал соли 1932 астрономи эстони Э. Эпик пешниход карда буд. Соли 1950 астрономи ни- дерланди Ян Xендрик Оорт ин назарияро асоснок кард ва ба шарафи у номи Абри Оорт гузошта шуд. Масофа аз Офтоб то худудхои Абри Оорт такрибан 50 000 – 100 000 в.а. ё як с.р. аст.

abri-oortaМассаи Абри Оорт такрибан 3*1025килограмм (ё 5,0 массаи Замин) буда, кариб 4,6 миллиард, сол пеш ба вучуд омадааст ва якчанд триллион ядрохои кометахо дорад. Унсурхои Абри Оорт аз яхпорахои дар таркибашон об, ам­миак ва метан мавчудбуда иборатанд.

Онхо дар наздикии Офтоб ташаккул ёфта, зери таъсири куввахои чозибавии сайёрахои бузург дар фа­зой кайхони пахн гардидаанд. Ин куввахо баъзан кометахоро ба маркази Системаи Офтоб тела медиханд, ки эхтимолияти бархурди онхоро бо сайёрахо зиёд мекунад. А.Рахмонов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.