Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБДУШУКУРОВА Тамара Махсумовна

АБДУШУКУРОВА Тамара Махсумовна

АБДУШУКУРОВА Тамара Махсумовна (таваллуд  24. 8. 1940, дехаи Шулмаки нохияи Гарм (холо нохияи Рашт), актриса ва режиссёр, Артисти хизматнишондодаи Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон (1970), профессор (1991).

АБДУШУКУРОВА Тамара МахсумовнаХатмкардаи Институти давлатии санъати театрии шахри Москва (1960). Солхои 1960 – 61 актрисаи Театри мазхакаи мусикии шахри Ленинобод, 1961 – 72 актриса ва режиссёри Теат­ри давлатии академии драмаи точик ба номи Абулкосим Лохути, 1972 – 86 дотсент, мудири кафедра ва проректори Донишгохи Давлатии Санъати Точикистон ба номи Мирзо Турсунзода, 1986 – 89 муовини аввали Вазири маданияти Точикистон, 1989 – 90 ректори Донишгохи Давлатии Санъати Точикистон ДДСТ ба номи Мирзо Турсунзода, 1990 – 92 Ва­зири маданияти Точикистон, 1993 – 95 профессори Донишгохи Давлатии Санъати Точикистон ба номи Мирзо Турсунзо­да, 1997 – 2002 профессори факултети санъати Донишгохи давлатии Хучанд ба номи Бобочон Гафуров.

Абдушукурова дар сахнаи театр асо­сан роли занони кавиирода, тавоно ва боиффатро бо махорати баланд бозидааст. Бехтарин ролхои офаридааш: Смералдино («Шох Гавазн»-и К. Г отси), Варя («Чавоне аз шахри мо»-и Константин Симонов), Бунафша («Дехоти»-и М. Иброхимбеков), Нози («Дуэл»-и М. Байчиев), Мавчуда («Иродаи зан»-и А. Сидки) ва гайра.

abdushukurova-tamara-2 Чандин асари сахнави – «Никохи мунтахаб»-и К. Голдони, «Ёрони махбуб»-и А. Бахори, «Бечихоз»-и Александр Остров­ский, «Зангири»-и Николай Гогол ва гайраро тахия намудааст.

Бо медали «Барои мехнати шоён» ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон мукофотонида шудааст.

М. Чурабекова.

АБДУШУКУРОВА Тамара Махсумовна

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.