Маълумоти охирин
Главная / Илм / Мадду чазр

Мадду чазр

МАДДУ ЧАЗР – ин харакати рафту омади чисмхои замини бар асоси таъсири куввахои чозибавии Офтобу Мохтоб ба миён меомадаро меноманд. Мадду чазр чанд намуд мешавад, ки чумлаи онхо:

Лаппишхои давони сатхи Укёнуси олам (Мадду чазри бахри),
Деформацияи Замин (Мадду чазри замини),
Лаппишхои фишори атмосфера (Маддду чазрии атмосфери).

maddu_jazri_bahr

Агар одди карда гуем, пас «Мадду чазри бахри» ин омадани об ба сохил ки онро МАДД мегуянд ва рафтани об аз сохилро ЧАЗР меноманд. Ходисаи Мадду чазри бахри дар як шабонаруз 2 маротиба ба вукуъ омада хангоми пайдо шудани мох дар осмоне ки мо онро мебинем харакати оби укёнус ба суи мох ба вукуъ мепайванд. Дар ин замон дар мукобили замин хам ходисаи Мадду чазр ба вукуъ мепайвандад, ки сабабаш дар он ки мох бо кувваи худ обро ба суи худаш мекашад.

Маду чазрро ба забони русси «Прилив и отлив» меноманд. Куввахои чозиба хангоми ба куввахои чозибаи Мох ва Офтоб чамъ шудани куввахои марказгурези чархзании системахо Замин-Мох ва Замин-Офтоб ба вучуд меояд. Зуртарини ин куввахо — кувваи чозибаи Мох хусусиятхои асосии ходисаи Маддду чазриро муайян мекунад. Кувваи чозиба дар пункти Z-и Замин, ки дар он чисмхои барангехта дар зенит вокеанд, калонтарин ва дар пункти диаметраи мукобил N (надир) хурдтарин мебошад. Дар пунктхои Z ва N он куввахои маддовар, ки кад-кади радиуси Замин самт мегиранд, кувваи вазнро кам, дар пунктхои А ва В зиёд мекунанд; дар пунктхон дигар С, D, Е ва F ин куввахо чун расанда ба сатхи Замин самт доранд. Бо таъсири куввахои маддовар оби Укёнуси олам ба суд пунктхои Z ва N самт мегирад, сатхи об дар атрофи ин пунктхо баланд мешавад (мадд).

Дар минтакае, ки хати марказии он аз пунктхои А ва В мегузарад, сатхи об паст мешавад (чазр). Хар лахза дар укёнус 2 мадд ва 2 чазрро мушохида кардан мумкин аст. Кучиш, амплитуда ва характери Мадду чазри ба даврзании Замин, мавкеи нисбии Замин, Мох ва Офтоб, арзи географи ва шароити махал (умки бахр, характери сохил ва гайра.) вобаста аст. Мадд мавриди дар як хати рост (сизигия) вокеъ гардидани Замин, Мох ва Офтоб калонтарин ва мавриди кунчи 90°, (квадратура) – ро ташкил кардани Мох Замин ва Офтоб хурдтарин мебошад. Маддхои нимшаборузи, ки дар давоми шаборузи мохтоби (24 с. 50 дакитка) ду мадд (баландоби) ва ду чазр (пастоби) иваз мешаванд, маддхои шаборузи, ки дар ин муддат як мадду як чазр иваз мешаваид ва маддхои нодуруст ё муштарак мавчуданд.

Мадду чазри бахри

Маддхои ин шаборузи ва нодуруст маъмултаранд. Дар укёнуси кушод Мадду чазри хурд аст ва лаппиши сатхи об то 1 метр мерасад; он дар бахрхои сохили бахр хам хурдтар (массаи лаппиши сатх дар бахри Сиёх то 13 см, дар халичи Финни бахри Балтик то 4,8 см) аст; баландии мадд дар халичхои танг калонтарин (маса дар халичи Фанди Американ Шимоли то 18 м, дар халичаки Пенжинп бахри Охот то 13 метр) мебошад. Баландии мукаррарии мадд назди сохилхои укёнус 2—4 метр мешавад. Мадду чазр минтакаи наздисохилии китъахоро дигаргун мекунад. Дар сохил минтакаи махсусе пайдо мешавад, ки онро гох-гох об пахш мекунад ва хаётгузаронии организмхои ин минтака шароити махсуси экологи дорад. Ахамияти мадд барои бандархои бахри дар резишгохи дарьёхо калон аст. Энергияи мавчхои мадд дар стансияхои электрик мадди (СЭМ) истифода мешавад.

Маддхои атмосфери тагйири даврии курси атмосфераро ба амал меоранд. Махсусан, мавчи давраш 12 соат бештар такрор меёбад. Амплитудаи он дар минтакаи назди экватор ба кимати калонтарини худ мерасад. Чисми сахти Замин бо таъсири куввахои маддовар деформация мешавад. Маддхои «чисми сахти Замин (ки то 0,25 метр мешаванд) бо рохи тахлили мавчхон мадди ва гидросфера, омузишн ивазшавии майдони гравитационии Замин, моилихои сатхи Замин нисбат ба хати шокул, васеъшави ва фишурдашавии кишри замин, номунтазамихои чархзании Замин ва дигар усулхо тадкик карда мешаванд.

ВИДЕО ДАР БОРАИ МАДДУ ЧАЗР

Мутафаккирони асримиёнагии халкхои Шарки Наздику Миёна Абунасри Фороби, Закариёи Рози, Абурайхони Беруни, Ибни Сино, Насируддини Туси, Алоуддини Кушчи ва дигарон, мадду чазр раъду барк ва барфу борон барин ходисахои табииро голибан материалистона таъбир намуда, доир ба халли сахехи масъалаи мазкур дар асрхои миёна сахми босазо гузоштаанд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …