Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Маданияти Истаравшан

Маданияти Истаравшан

МАДАНИЯТИ ИСТАРАВШАН –  маданияти вилояти таърихи ва мадании Истаряишан, ки дар байни дарёи Сир ва каторукуххои Хигор, шахрхои Хучанд ва Самарканд вокеъ буд. Худуди мазкур замони кадим кисми Сугд буда, дар пивали асрхои миёна ба давлати хурди мустакил табдил ёфт, ки дар он афшинхо хукм меронданд (пойтахташ ш. Бунчикат). Асоси иктисоди-ичтимоии чамъияти Истаравшанро дехкони, чорводори, маъданхосилкуни, хунармандии мутаракки ва сохти мустакили давлатдори ташкил медод, ки он боиси инкишофи пуравчи маданият гардид. Дар ин бора тадкикоти археологии Экспедицияи комплексии шимоли Точикистони Институти таърихи АФ Точикистон дар дахсолахои охир шаходат медихад.

Расми Кухи муг дар Истаравшан
Расми Кухи муг дар Истаравшан

Барои чамъияти Истаравшани ибтидои асрхои миёна чихатхои зерин хосанд: равнаки шахрхо дар асоси тараккиёти сохахои гуногуни хунарманди, ривоч ёфтани савдои дохили ва байни вилоятхо (хусусан бо Сугд, Чоч ва Фаргона), марказонидани хаёти дехот дар касабахо ва работхои алохида дар асоси инкишофи босуръати хочагии кишлок (хусусан зироати оби ва чорводории айлоки); кувват гирифтани омезиши маданияти махаллии анъанавии шахру касабахои ахолинишини Истаравшани давраи атика бо унсурхои нави маданияти асримиёиагии ашрофи феодалгашта, зироаткорон ва хунармандон. Маданияти Истаравшан бо унсурхои бехтарини маданияти умумисугди, хиндуэрони, шаркиназдику бахримиёназамини ва асиси марки бой гардида, дар навбати худ, ба онхо таъсири калон расонд (мас., таъсири санъати мусикии Истаравшан ба санъати мусикии Хитои).

Аз маданияти моддии Истаравшани асрхои 7—10 осори бинохо ва иншооти харбию мудофиави — касрхои хокимон, кушкхои ашрофи шахру дехот, бинохои истехсолии шахриён, бинохои икомати ва хочагии касабахо, икоматгохи харбиён, ибодатгоххои тоисломии шахру касру кушкхо, масчиду макбарахои ибтидои давраи чори шудани ислом ва г. боки мондаанд, ки хар кадоми он аз чихати сохту накша хусусияти хосе дошт. Санъати меъмории Истаравшан бо гуногунии шакл, накшаи бинохо ва унсурхои алохидаи бинокори чолиби диккат аст. Хафриёти ду каср дар Калъаи Кахкахаи 1 ва 11 нишон дод, ки хар як иморат аник ба накша гирифта шудааст, кисмхои алохидаи бинохо аз якдигар фарк доранд. Аз хафриёти дар хавзаи Шахристонсой ду хели биносозии дехави ба назар мерасад: 1) кушки накшааш мураккаби ба худ хос — мехмонхона, утоки хилват, ибодатгох, бинохои хочаги, дахлезхо дорад, шифту сутунхою дархояшои кандакори ва деворхошон мунаккаш (Чилхучра, Уртакургон); 2) кушкхои оддии дорои хонахои долонмонанд, ки дар тегахои теппаю кух (Тирмизактеппа) сохта шудаанд ё кушкхои хавлидор бо дарвозахонахое, ки дар мавзеъхои хамвори (Тоштемиртеппа) бино ёфтаанд ва хамчун истехком хизмат мекарданд.

Холо чор намуди бинохои икоматии шахриёни Истаравшан муайян гардидааст: 1) бинои васеи дароз, ки одатан бо деворхои дохили ба се Кисм — андарун, миёна ва айвон таксим мешуд (объектхои II ва Ш-и Калъаи Кахкаха 1); 2) махалла аз бинохои хурди хамшафат, ки дахлез, ду-се хона ва хар кадом аз тарафи куча дарвозаи алохида дошт (объекти VI Калъаи Кахкаха I); 3) махаллаи назди майдони шахр иборат аз хавлихои алохидаи накшааш махсуси дорои айвон, долон, мехмонхонаи суфадор, шифту сутунхои кандакори, деворхои мунаккаш (Калъаи Кахкаха); 4) бинои калони мураббаъ, ки дар атрофи толори марказии он бисьёр хонахои якхелаи икомати сохта мешуданд, ки як долону дари умуми дошт (Чилдухтарон).

Дар натичаи хафриёти Карабулок ва Хоняйлов осори накшаи бинохои икомати ва хочагии касабахо ёфт шуд. Дар Хоняйлов ду хели икоматгох кушода шуд: бинохои серхонаи сахнашон васеъ ва хонахои алохидаи бесахн. Аз кушкхои Уртакургон, Чилхучра ва касри Калъаи Кахкаха 1 ибодатгоххои тоисломи ёфт шудааст. Ибодатгохи Уртакургон аз ду кисм — хонаи мураббаи бомаш гумбазшакл ва айвони хурде иборат аст, ки аз он ба долони марказии кушк рох хаст. Ибодатгохи Чилхучра дар ошьёнаи дуюм вокеъ гашта, аз як хоначаи бомаш гумбазшакли даромадгохаш танг иборат аст. Маъбади Калъаи Кахкаха низ як хонаи дарозе буда, ду даромадгох ва эхтимол ток хам дошт. Осори масчиду макбарахои ибтидои чоришавии дини ислом холо дар Чилдухтарон ошкор карда шудааст. Дар ин чо ду хели масчид ва макбарахо ба назар мерасанд. Сахни масчиди хурд чоркунча, худи бино ду сутун ва дар девори гарби мeхpoб бо хишти пухта руйбаст шудааст. Сахни масчиди чомеи дуюм хеле калон буда, ба харфи «Г» монанд, сутунхояш бисёр ва мехробаш хурд бошад хам, бо гачу накшахоро ёфтааст. Ду хели макбара ба назар мерасад: макбараи болопуши гумбазшакли аз санг ва хишти пухта сохташуда ва макбараи кушод, ки иборат аз майдончаи бо девори паст ихоташудаи мураббаъ ва росткунчаи сангфаршшуда.

Аксарияти иншооту бинохои Истаравшан аз похса ё хишти хом бунёд гардидаанд. Усулхои гуногуни похсазани ва хиштчини истифода бурда шудаанд. Хонахои калон бомхои чубу гилин, хонахои хурдтар току гумбазхо доштанд. Комёбихои мухими меъмори — ихтирои рохравхои байни кабатхои поёну болои бино аст (пагнa), ки дар Истаравшан ду хел буд: 1) оддии безинаи зонушакли токдор, 2) мураккаби росткунчаи доирашакли токдор, ки дар атрофи сутуни мудаввари похсагину хиштии печ дар печ боло мебарояд.

Санъати тасвирии Истаравшани асрхои 8—9 хеле бой ва гуногунсоха буд. Дар ороиши касрхо, кушку бинохо накшххи наботию хандаси ва манзарахо аз хикояти даври, эпики-кахрамони, асотирхо ва г. макоми калон доранд. Осори меъморон, кандакорон (сутун, толор, арака, дару дарвоза ва кисмхои алохидаи онхо, панчарахо, махслуоти сафоли, хишти пухтаи гуногуншакл) хеле бой ва пурмазмун аст. Пойтахти Истаравшан—Бунчикат маркази бузурги санъати меъмори ва амали буд. Дар Истаравшани ибтидои асрхои миёна дар истехсоли маснуоти сафолину фулузи ва дигар сохахои хунарманди комёбихои калон ба даст оварда шудаанд.

Анъанаи маданияти маънавии Истаравшани аввали асрхои миёна низ бой ва гуногун буд. Ба маданияти Истаравшан таъсири беруна зиёд набуда, он маркази ривочу равнаки махз анъанахои мадании махалли буд. Дар ин бобат манбаъхои хатти, ёдгорихои археологи ва санъати тасвирии Истаравшан шаходат медиханд.

Маъхазхои хаттии асрхои миёна дар бораи «дини сафед» бо китоби асосии он Заравах ва бутсой чубини тоиосломи маълумот медиханд. Чунин бутхо дар касру кушкхои Истаравшан ва Бутам, дарбори афшин Гайдар дар Самара мавчуданд.

Дар топонимикаи Истаравшан бисёр номхое хастанд, ки дар таркибашон калимаи «муг» (оташпараст)-ро доранд. Хафриёти археологи дар Чилхучра бутхои чубин, дар Октеппаи нохияи Нов «оташкада», дар Чоршохатеппаи назди Шахристон дахма, дар наздикии Куркат дахмахои кабати кухи — Ширин ва бисёр дафнхои хуми ва устадониро дар районхои дигари Истаравшан ошкор кард. Хамаи онхо дар бораи унсурхои махаллии зардуштия шаходат медиханд, ки дар он элементхои зардуштия, бутпарасти ва г. ба хам омехта шудаанд. Мавзуъхои дини дар санъати наккоши низ акс ёфтаанд.

Дар маданияти маънавии Истаравшан анъанахои дунявии эпики-асотири дар бораи Неки ва Бади, Равшан ва Зулмот, галабаи Неки бар Бади, хикоят дар хусуси Кова, Фаридун, Суруш, Заххок, кудакони сагираи хайвонот калонкарда, саравлоди хонадони подшохон, образи «мутрибаи _ фалак» — Зухраи чангнавоз, пари Сирин ва г. хеле машхур буданд, ки дар санъати рассоми, кандакори ва г. акс ёфтаанд.

Маданияти аввали асрхои миёнаи Истаравшан, ки ёдгорихои гуногунаш ба даст омадааст, соф махалли, анъавави, бой ва серошоха буда, дар байни анъанахои мадании Осиёи Миёна ва Шарк чои намоёнро ишгол мекунад. Маданияти Истаравшан аз руи шакл ва мазмун ба маданияти Сугд хеле наздик буда, хатто як катор унсурхои якхела доранд, ки дар натичаи хафриёти Панчакент ва Самарканд маълум гардиданд. Дар ин бора аз чихати таърихи умумият доштани инкишофи зтникию лингвистии Сугд ва Истаравшан низ гувохи медихад. Taхкики ёдгорихо дар катори маданияти ашроф (касру кушкхои пуршукух) анъанахои маданияти шахриёни одди (аз чумла хунармандон) ва сокинони дехотро ошкор сохт, ки онхо рочеъ ба муайян намудани мохияти хакикии комёбихои Маданияти Истаравшан ахамияти калон дорад. Маданияти Истаравшан ба маданияти ташаккулёбандаи давраи асрхои миёнаи халки точик хамчун кисми таркиби дохил шуд.

Ад.: Неъматов Н. Н., Асрори Истаравшан, Д., 1972; хамон муалл., Усрушанав древности и раннем средневековье, «Тр. АН Таджикской ССР», т. 55, Сталинабад, 1957; хамон муалл., Разное панно дворца афшинов Уструшаны, дар кит.: «Памятники культуры. Новые открытия. Ежегодник 1976». М., 1977; Негматов Н. Н. и др. Средневековый Шахристан, Д., 1966 Негматов Н. Н., Пулатов У. П. и др. Уртакурган и Тирмизактепа, Д., 1973; Негматов Н. Н., Соколовский B. М., «Капитолийская волчица» в Таджикистане и легенды Евразии, «Памятники культуры. Новые открытия. Ежегодник 1974», М., 1975; Пулатов У. П., Чильхуджра, Д., 1975. Н. Н. Неъматов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …