Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАДАМИНБЕК

МАДАМИНБЕК

Мадаминбек (1889, вилояти Фаргона —1920), курбошии босмачиёни водии Фаргона. Аз оилаи савдогар. Барои куштани зане ба муддати 14 сол бадарга карда шуд. Баъди аз бадарга гаштан (1917) комиссари харбии вилояти Фаргона, сардори Хукумати муваккатии Фаргона, сардори шуъбаи милисияи ш. Маргелон. Тобистони соли 1918 ба Хокимияти Совети хиёнат карда, бо отряди милисия ба тарафи босмачиён гузашт.

Мадаминбек
Расми Мадаминбек

Дар водии Фаргона худро хомии дини ислом эълон карда, одамони мутаассиб ва хурофотпарастро дар атрофаш чамъ намуд. Дастаи Мадаминбек ба дастахои кулакхо ва Эргашкурбоши хамрох шуда, бо дастгирии империалистони англис ва сафедгвардиячиёни рус бар зидди Хокимияти Совети мубориза бурд.

Мадаминбек ба халк хиёнат намуда, ба хукумати Англия мурочиат кард, ки Туркистонро зери химояи худ гирад. Мадаминбек ба Хокимияти Совети хайрхох будани атрофиёнашро пай бурда, пас аз музокираи якмоха бо раиси Комитети революционии Фаргона Н. Хучаев ва командири бригада Э. Кужело 5 марти 1920 бо 500 нафар ба тарафи Хокимияти Совети гузашт. Дере нагузашта аз тарафи Куришермат кушта шуд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …