Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Маданияти Афанасев

Маданияти Афанасев

МАДАНИЯТИ АФАНАСЕВ, маданияти давраи энеолити Сибири чануби, ки хазораи 3 – ибтидои хазораи 2 то мелод дар пастхамии Минусин ва Олтой пахн шуда буд. Бо маданиятхои Калтаманор, Ямная ва Катакомба дар як вакт инкишоф ёфтааст. Аз номи кабристони назди к. Афанасеви Вил. Автон. Хакас гирифта шудааст. Кабилахои Маданияти Афанасев ба нажоди ба ном палеоевропои мансуб буда, аз кабилахои мугулсурати хамсоя фарк мекунанд.

МАДАНИЯТИ АФАНАСЕВ
Харитаи МАДАНИЯТИ АФАНАСЕВ

Аз Маданияти Афанасев осори бошишгоххо ва кабрхо боки мондаанд. Болои кабрхо бо тахтасангхо пушонида шуда, дар баъзеи онхо як, ду ва якчанд майит гуронида шудааст. Ахолии Маданияти Афанасев чорводори ва эхтимол дехкониро медонист. Олотро асосан аз санг месохтаид, вале коркарди мис, нукра ва тилло маълум буд. Зери зарфхои сафолии Маданияти Афанасев пахн буда, худи зарфхо ба тухм шабохат доштанд.

 

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …