Маълумоти охирин

Мадина

МАДИНА (араби— шахр) – ин шахрест бо масохати 589 км² дар кисми шимолу гарбии Арабистони Сауди. Дар вилояти Хичоз, 400 км. дуртар аз Макка , дар баландии 600 метр аз сохили бахр вокеъ гаштааст. Ба воситаи роххои автомобилгард бо шахрхои Макка , Начаф (Ирок), Аммон (Урдун), Янбо ва Чидда (бандархои сохили бахри Сурх) алокаманд аст. Аэродром дорад. Ахолиаш кариб 1,3 миллион нафар (2017сол) ва ин нисбати соли 1950 кариб 10 маротиба зиёд шудааст. Ахолии шахр асосан бо тичорат, хизмат ба зиёратчиён ва тайёр кардани лавозимоти ибодат (тасбех, чойнамоз, сарулибоси махсуси зиёратчиён) машгул аст. Як кисми ахоли богдори, сабзавоткори ва хурмо парвариш мекунад.

Мадина

Санаи буньёди Мадина маълум нест. Дар замони кадим Ясриб (Ятриб) меномиданд ва аз ибтидои асрхои миёна Мадина ном гирифт. Соли 622 Мухаммад пайгамбар аз Макка ба Мадина кучида, дар ин чо чамоа (умма)-и мусулмононро ташкил кард, ки ба ин сабаб шахрро Мадинатуррасул ё Маддинатуннаби (шахри пайгамбар) хам меноманд. Аз асри 7 Мадина (баъди Макка ) зиёратгохи калонтарини мусулмонон карор гирифт. Солхои 632— 656 пойтахти хилофати араб.

ХАРИТАИ МАДИНА

Дар замони Умавиён ва Аббосиён маркази маъмурии Хичоз. Аз асри 10 тобеи Миср. Баъди Мисрро ба даст даровардани туркхо (1517) аввал ба хайати Империяи туркхои Усмони ва баъдтар ба подшохии Хичоз (1019) хамрох карда шуд. Соли 1924 Мадинаро кушунхои Ибн Сауд забт карданд. Аз соли 1932 дар хайати Арабистони Сауди, Аввалхо атрофи Мадина бо девори баланд ихота гардида, 8 дарвоза дошт, ки холо онхо вайрон шудаанд. Дар маркази Мадина, дар чои хонаи Мухаммад пайгамбар, Масчиди Калон (656) вокест, ки борхо аз нав сохта шуд; намуди имрузааш баъди таъмири солхои 1853—54 тагйир наёфтааст.

Дар борамон

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …