Маълумоти охирин
Главная / Илм / Ленц Эмилий Христианович

Ленц Эмилий Христианович

Ленц Эмилий Христианович
Расми (Сурат) Ленц Эмилий Христианович

Ленц Эмилий Христианович (24.2.1804, Тарту — 10.2.1865, Рим), физик ва электротехники рус, академик АФ Петербург (1830). Соли 1820 ба Университети Дерпт (Тарту) дохил шудааст. Ленц Эмилий Христианович соли 1823 тахсилро хатм накарда, дар завраки «Прдеарнетае», ки он ба саёхати гирдичахони баромада буд (1823— 26), ба сифати физик ба кор дохил шуд;

Барои тадкикоти укёнусшиноси соли 1828 уро адъюнкти АФ Петербург интихоб карданд. Ленц соли 1830 академияи экстроординари ва 1834 академияи ординарии АФ Петербург интихоб шудааст. Аа соли 1836 мудири кафедраи физика ва географияи табии ва аз 1863 ректори Университети Петербург. Соли 1833 усули муайян намудани самти чараёнхои индуксияшударо ёфт, ки дар илм бо номи коидаи Ленц маъмул гашт. Якчоя бо Б. С. Якоби «Дар бораи конунхои электромагнитхо» (к. 1—2, 1838—1844) китобе нашр намуд, ки дар он усулхои хисобкунии электромагнитхоро нишон дода, баргардандагии мошинхои электриро мукаррар намудааст. Соли 1842 конуни Ч. Чоулро дар бораи таъсири харорати чараёни электри бо тачрибахои сахех асоснок намуд (Ниг. Конуни Чоул Ленц). Доир ба таълими физика дар мактаби миёна «Васоити таълими оид ба физика» асаре навишт (1839), ки он 11 маротиба нашр гардид.

 

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …