Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Ленинобод

Ленинобод

ЛЕНИНОБОД – ин шахр ва маркази маъмурии вилояти Ленинободи РСС Точикистон буд. Номи Ленинободро солхои 1936 – 1991 ба худ касб кардааст. Баъди сохиб шудани мустакилии Чумхурии Точикистон, шахри Ленинобод ба номи таърихии кухани худ яъне ба шахри Хучанд баргардонида шуд.

Ленинобод

Ленинобод дар даромадгохи водии Фаргона вокеъ мебошад. Аз байни шахр дарёи Сир чорист. Аз марказ то стантияи рохи охани Ленинобод 11 километр ва то шахри Душанбе 341 км. Ленинобод ба воситаи роххои мошингард, рохи охан ва хавои бо дигар шахрхои мамлакат пайваст аст. Масохати умумии Ленинобод 0,2 хазор километри мураббаъ мебошад. Ахолиии шахри Ленинобод 180 хазор нафар дар соли 2017 ва 31 хазор нафар дар соли 1900 – ум буда иборат аз точикон, инчунин узбекхо, русхо ва намояндагони миллатхои дигар.

Иклими Ленинобод континенти буда, тобистонаш гарм ва зимистонаш хунук. Харорати миёнаи январ -0,9° С, июль 28° С. Микдори боришоти солона 159 мм.

khujand-iqlim

Иктисодиёт: Ленинобод дар солхои Хокимияти Совети ба яке аз марказхои калони иктисоди ва мадании Точикистон табдил ёфта буд. Сохахои асосии саноат: бофандаги, коркарди металл, бинокори, дузандаги, хуроквори. Соли 1980-1990 дар Ленинобод зиёда аз 25 корхонаи саноати мавчуд буд. Комбинати шохибофии Ленинобод яке аз калонтарин корхонахои саноатии СССР буда, 80% шохии Точикистон (зиёда аз 45 навъ ва 500 номгуи матоъ)-ро истехсол мекард.

Касри Арбоб ( 1980 с.)
Касри Арбоб ( соли 1980)

Соли 1981 комбинати консерви шахр 53 млн. куттии консерв баровард, ки ин микдор бо тамоми консерви корхонахои Россия (1913) баробар буд. Дар шахр комбинатхои шир, равган, масолехи бинокори, заводхои тухми кирмак, шиша, «Торгмаш» (зарфхои кахвапази, термостатхо ва гайра), истехсоли зарфхои сирдор, «Газаппарат», таъмири автомобил, истехсоли маснуоти охану бетони, нон, матбаа, фабрикахои мебелсози, пойафзолдузи ва гайра низ хастанд. Махсулоти саноати шахр ба Булгория, РХМ, Куба, Руминия, Венгрия, Мугулистон, Афгонистон, Алчазоир, Эфиопия, Хиндустон, Гвинея, Сомали ва г. фиристода мешавад.

Маориф: Соли тахсили 1981/82 дар шахр 22 мактаби миёна, 3 мактаби 8-сола, 3 техникум, 3 омузишгох (мусики, педагоги, тибби), 6 омузишгохи касбхои техники буданд, ки 25 хазор нафар хонанда ва 4723 нафар донишчу тахсил мекарданд. Яке аз аввалин донишкадахо — Институти давлатии педагогии ба номн С. М. Киров, Институти такмили ихтисоси муаллимон, Филиали Институти политехникии Точикистон, шуъбаи ИН Точикистон мавчуданд.

Сурати бинои Опера Балет дар ш. Ленинобод

Фарханг ва ташкилотхо:  Ленинобод касри маданият, театри мазхакаи мусикии ба номи А. С. Пушкин, театри халки, 8 клуб, 24 кинотеатр ва дастгохи кино, 16 китобхона, боги ботаникии АФ РСС Точикистон хонаю боги пионерон, ст. техникхо ва табиатшиносони чавон, музей кишваршиноси, 14 муассисаи табобати, 6 дорухона, 25 пункти тибби дорад. Дар Ленинобод комбинати хизмати маиши, 4 мехмонхона, 203 нуктаи савдо, хуроки умуми ва г. кор мекарданд.

Таърих: Ленинобод яке аз шахрхои кадимтарини Осиёи Миёна буда, дар хазораи 1 то мелод ба вучуд омада, соли 329 то мелод онро Искандари Макдуни ишгол кард. (Ниг. Искандарияи Aксо). Дар натичаи хафриёти археологи дар Ленинобод осори маданияти асрхои 6-4 то мелод ёфт шуд. Мувофики маъхазхои таърихи шахр дар нимаи дуюми асри 7 бо номи Хучанд машхур буд. Дар асри 7 ба хилофати араб, асри 13 ба мугулхо, нимаи дуюми асри 14 ва асри 15 ба Темуриён ва асри 16 ба Шайбониён, баъд ба хонхои Куканд тобеъ буд. Шахрро борхо истилогарони ачнаби хароб намуданд. Сокинони шахр бар зидди горатгарон кахрамонона чангиданд.

Дар асри 13 бо сардории кахрамони халки точик Темурмалик ба лашкари Чингиз мукобилияти сахт нишон дода шуд. Шахр чун маркази савдо, хунарманди машхур буд. «Рохи бузурги абрешим» ба Осиёи Миёна, Хиндустон, Эрон, Шарки Наздик, Хитой ва хавзаи бахри Миёназамин аз ин чо мегузашт.

Видеои ш Ленинобод

24 май 1866 ба шахр аскарони подшохи Россия даромаданд ва он ба хайати Россия дохил шуд. Ин вокеа ахамияти прогрессиви низ дошт. Минбаъд ба Хучанд инкилобиён ва равшанфикрони рус омаданд, ки онхо дар инкишофи шуури синфи ва худогохии махалли таъсир гузоштанд. 4 июли 1916 мардуми Хучанд ба мукобили сиёсати мустамликадории Россияи подшохи ва феодалхои махалли шуриш бардоштанд, ки он дар тамоми Осиёи Миёна пахн гашт. Дар чараёни муборизахои синфи инкилобчиёни машхур ба майдон омаданд. 24 ноябри 1917 Хокимияти Совети дар Хучанд галаба кард.

Дертар шахр аввал ба хайати РСС Узбекистон ва аз 2 октябри соли 1929 ба РСС Точикистон хамрох шуд. Соли 1936 бо талаби мехнаткашон шахр Ленинобод ном гирифт. Ленинобод зодгохи як зумра шахсони бузурги таърихист.

Ленинобод - Хучанд
ш. Ленинобод (2015с.)

Бузургон: Олимон -муначчим ва риёзидон Абумахмуди Хучанди (а. 10), чугрофияшинос ва Сайёх Хочи Юсуф Мирфаёзов (1842-1925), шоирон Махастии Хучанди (а. 12), Камоли Хучанди (а. 14), Мухаммадаминхочаи Кошиф (1825-87), Тошхучаи Асири (1864-1916), Абдуллои Файёз (1847-1934) ва дигарон арбобони илму маданият ин чо касби камол кардаанд.

Дар давраи совети чанд насли ходимони партиявию давлати, олимон, нависандагон ва санъаткорон, кахрамонони мехнат ба воя расидаанд.

Макбараи шайх Муслихиддин (а. 14) ва бокимондаи калъаи шахр — Урда (асрхои 7—8) аз ёдгорихои таърихи ва меъмори мебошанд. Дар сохили рости дарёи Сир хайкали В. И. Ленин комат афрохта буд вале дар солхои истиклолият ба чойи он мучассамаи Исмоили Сомони гузошта шуд. Дар Ленинобод инчунин хайкали ёдгории чанговарони ленинободи, ки дар Чанги Бузурги Ватани шахид шудаанд ва хайкали ёдгории муборизони барпо памудани Хокимияти Совети дар Хучанд мавчуд мебошанд.

Ленинобод дар харита

Адабиётхои истифодашуда.: Фёдорова Т. Я., Шахрхои Точикистон, д., 1971; Хайдаров Г. X., Краткий очерк истории Ленинабада, Д., 1965.  Х. Очилов.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …