Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / Макаренко Антон Семенович

Макаренко Антон Семенович

МАКАРЕНКО Антон Семенович (13.3.1888 ш. Белополеи губ. Харкови Украина — 1. 4. 1939, Москва), педагог ва нависанда. Яке аз асосгуэорони назария ва амалияи педагогика. Аз оилаи коргари рохи охан.

Макаренко Антон СеменовичИнститути муаллимии ш. Полтаваро хатм намуд (1917). Фаъолияти педагогиаш соли 1905 cap шудааст. Сардори омузншгоххои рохи охани Крюков (1917— 1918) ва ш. Полтава (1919—20) буд. Соли 1920 сардори колониян мехнатии бачагони бепарастору чинояткор таъин шуд ва системаи аз чихати назарияви асосноки тарбияи мехнатии коллективи бачагонро ба хаёт татбик мекард. Соли 1926 колонияи мазкур, ки ба номи М. Горкий буд, ба мавзеи Куряжи назди Харков кучид. Макаренко бо ёрии 120 нафар шогирдони худ 280 нафар бачагони Куряжро низ тарбия намуд. Баъзе педагогхои бюрократ ва педагогхое, ки дар Комиссариати халкии маорифи Украина кор мекарданд, ба фаъолияти Макаренко халал расонданд ва мачбур намуданд, ки соли 1928 аз колонияи ба номи М. Горкий равад. Июни 1927 ба ташкили коммунаи мехнатии ба номи Ф. Э. Дзержинский дар посёлкаи Новый Харков иштирок менамояд, соли 1928 там
оман ба кори коммуна мегузарад.

 Дар ин чо принсипи педагогии асосгузорони марксизм-ленинизм, яъне алокаи таълимро бо мехнати истехсоли дуруст ба рох монд. Соли 1935 Макаренко аз коммуна рафт ва дар Москва бо маслихати М. Горкий ба кори адаби шугл варзид. Макаренко асари махсуси оид ба педагогика наофаридааст, вале акидахои педагогии вай дар осори адаби ва манолахои у пурра ифода ёфтаанд. Бузургтарин асархои Макаренко «Достони педагоги» (1933—35, нашри точикиаш 1954) «Книга для родителей» (1937) мебошанд. Дар ин асархо чихатхои асосии назарияи педагоги, масъалахои методологии педагогика, усул ва роххои таълиму тарбия пурра инъикос ёфтаанд. Макаренко системаи педагогии худро дар асоси таълимоти материалистии К. Маркс, Ф. Энгелс, В. И. Ленин ривоч дод ва дар халли проблемахои педагоги ба конунхои материализми диалектики такя намуд. Макаренко масъалахои тарбияро на ба таври статики, балки ба таври динамики, дар харакат ва тараккиёти диалектики хал мекард. Дар асоси хамин принцип Макаренко «конуни харакати коллектив», «системаи рохи истиклол», яъне орзу намудан ва барои ичрои максад мубориза бурдани одамонро кор карда баромад. Дар системаи педагогии Макаренко проблемаи тарбия дар коллектив ва тарбияи оилави мавкеи асоси ншгол менамояд.

Макаренко кайд мекунад, ки масъалаи муносибати фард ва чамъият танхо дар шароити социалисти хал мешавад. Яке аз принципхои педагогии Макаренко гуманизм ва оптимизми социалистист. Макаренко ба инсон, кувва ва имконияти тарбия бовар дошт, ба шогирдони худ на хамчун ба вайронкунандагони конун, балки хамчун ба инсонхое, ки мухточи ёрианд, муносибат мекард. Навоварии Макаренко дар хамин буд, ки вай аз формализм ва метафизикаи педагогикаи чамъияти синфи даст кашид, барои равнаку ривочи педагогикаи шуърави мубориза бурд.

Макаренко як катор акидахои педагогхои гузаштаро ба монанди принципи хурмати шахсияти кудак, тарбия дар раванди мехнат, талаботи тарбияи шахрванди, алокаи мактабро бо хаёт инкишоф ва такмил дод. Макаренко дар асархои худ идеяи тарбияи шахс дар коллектив, барои коллектив ва ба воситаи коллективро пешбари кард, ки ин ба манфиати чамъияти социалисти пурра мувофик аст. Дар тамоми мактабхо ва муассисахои тарбиявии совети, аз чумла дар Точикастон дастурхои педагогии Макаренко истифода мешаванд.

 

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …