Маълумоти охирин

Мамонт

МАМОНТ (Mammuthus primigeni-us), хайвони ширхури мурдарафтаест ва аз оилаи филхо буд. Дар Аврупо, Осиёи Шимоли ва Америкаи Шимоли дар нимаи дуюми плейстоцен зиндаги карда, кариб 10 хазор сол пеш аз байн рафтааст. Кади Мамонт 2,5—3,5         метр, вазнаш 7 тонн буда, пойхои кутох ва муи гафс дошт. Дарозии очаш 4 метр ва вазни он 100 кг. буда, бо ёрии он аз зери барф алафу буттаро дарёфт мекард. Мамонт хамзамони одами асри санг буд. Бозёфти устухони Мамонт дар палеолит аз ин шаходат медихад. Расм ва мучассамахои Мамонт, ки одамони кадим офаридаанд, низ пайдо шудаанд.

Мамонт
Расми Мамонт

Дар шимоли Сибир ва Аляска зиёда аз 40 часади Мамонт аз кабати чинсхои кухии яхбастаи бисёрсола ёфт шудааст. Намунаи мукоммалтари Мамонтро Экспедицияи АФ Петербург (1901-02) дар сохили дарёи Березовка дарёфт намуд. Оид бa Мамонт тадкикоти анатоми, гистологи ва биохимияви бурдаанл, Хуса скелети Мамонт дар Музеи зоологияи Ленинград гузошга шудааст. 23 июни 1977 дар водии Киргиляи нохияи Сусумаяи вилояти Магадан булдозерчи А. В. Логачев хангоми кушода, тахт кардани кабати регион тиллодор чуссаи бутуни бо пашми зарди бур пушидашудаи мамонтбачаеро дарёфт.

mamont_ustuxon
Устухон – скелети Мамонт

Олимони Шурави дар тахти раёсати академик  Н.А. Шило муайян намуданд, ки ин мамонтбача (баландиаш 104 см ва вазнаш 70 кг) 10 хазор сол мукаддам зиндаги кардааст. Бозёфти мазкур ягона дар дунё буда, дорои ахамияти калони илми мебошад. Бокимондаи Мамонт барои муайян намудани синни геологии тахшини континенталии антропоген ёри мерасонад.

Ад.: Илларионов В. Т., Мамонт. К истории его изучения в СССР, Горький. 1940; Аугуста Й„ Бурнан 3., Книга о мамонтах, Прага, 1963.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …