Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Маданияти Хисор

Маданияти Хисор

МАДАНИЯТИ ХИСОР, маданияти археологии неолитие, ки давраи охирини асри сангро дар Точикистон муайян мекунад. Ба хазорахон 7—2 то мелод мансуб аст. Ёдгорихои Маданияти Хисорро соли 1948 А. П. Окладников кашф кард. Солхои гуногун дар махалхои алохида А. П. Окладников (Кухи Булиён), В. А. Ранов (Tyткавул), А. А. Юсуфов (Сои Сайёд) ва дигар хафриёт гузарониданд. Холо дар чумхури бештар аз 300 махалли дорои бозёфти археологии Маданияти Хисор маълум аст. Маданияти Хисор асосан дар сохилхои дарёхои Яхсу, Кизилсу, Вахш, Кофарнихон ва заминхои байни ин дарьёхо пахн буд. Бошишгоххои Маданияти Хисор дар баландии аз 500—700 то 1000—1500 м аз сохили бахр вокеъанд. Бозёфтхои шаклан ба Маданияти Хисор монанд дар Помири Шарки ва баъзе нохияхои Осиёи Миёна дучор меоянд.

Расми Хисор Кадим ( соли 1920)
Расми Хисор Кадим ( соли 1920)

Масохати аксарияти бошишгоху касабахои Маданияти Хисор аз 0,5 га зиёд нест. Туткавул ва Сои Сайёд (7000 метри мураббаъ), Кухи Булиён (1500 метри мураббаъ) калонтарини онхоанд. Хусусияти асосии бошишгоххои Маданияти Хисор гафсии кабати археологи аст, ки то ба 2,5 метр мерасад, оташдонхо нимдоираанд ва деворхои онхо аз сангхои хурду калон сохта шудаанд. Андозаи миёнаи оташдонхо 1 ба1 метр буда, росткунча, мудаввар ва доирашакланд. Оташдонхои чукури алюн 15—30 сатиметр дар масофаи 1,5—2 метр аз якдигар вокеъ гаштаанд. Хусусияти дигари бошишгоххои калони Маданияти Хисор дар он, ки майдончахои суфамонанди серкабата аз порчахои охак, шагалхои шикаста ва бутун сохта шудаанд. Дар дохили хамаи онхо осори оташдон хаст. Эхтимол, икоматгоххои ба тарзи нимзаминкан сохташуда низ вучуд доштанд, ки дар ин бора чукурихои якметраи кутрашон 12 метр шаходат медиханд. Аксарияти олоту маснуоти Маданияти Хисор санги аст. Дар баъзе бошишгох олоту маснуоти сафоли ба назар расад хам, Маданияти Хисор маданияти гайрисафолии давраи неолит ба хисоб меравад.

Дар Точикистони Чануби бисёр маснуоти санги ёфт шудааст. Факат бозёфти Туткавул бештар аз 40 хазор мебошад. Бештар олоту маснуоти аз кайроксанг сохташуда (корд, хашав, теги дос) вомехуранд. Иттифоки кабилахоеро, ки Маданияти Хисорро офаридаанд, иттиходи этники хисобидан мумкин аст, зеро аз ёдгорихои Чайтун ва маданияти Калтаманор ба андозае фарк дорад. Мардуми Маданияти Хисор асосан бо шикор, чорводори ва кисман бо дехкони машгул буд.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …