Маълумоти охирин

Маликушшуаро

МАЛИКУШШУАРО – ин унвови фахрии расмие, ки дар доирахои адабии дарбор ба шоирони маъруфу машхур дода мешуд. Шоироне, ки ба унвони Маликушуарро сазовор гаштаанд, нисбат ба дигар шоирону нависандагон мартабаи болотаре доштанд ва аз наздикони шох ба хисоб мерафтанд. Бахшидани унвони Маликушуарро аз давраи хукмронии Газнавиён (султон Махмуд) шуруъ шудааст.

Шоирони Дарбор

Нахустин шоире, ки ба кавли аксарияти муаллифони сарчашмахои адабию таърихи ба ин унвон сарфароз гардидааст, Унсури буд. Баъд аз Унсури чанде аз шоирон, аз чумла Амъаки Бухорои, Абдумалики Бурхони, Амир Мунзай, Абулъалои Ганчави, Мавлоно Бадахши, Гизолии Машхади, Файзии Дакани, Толиби Омули ба ин унвон сохиб шудаанд. Дар адабиёти асрхои 16—19 точик ба гайр аз Мушфики, унвони Маликушшуароро гирифтани дигар шоире маълум нест. Дар Эрон аз асри 16 як тараф чанд шоир унвони Маликушуароро дарёфтаанд, ки охирини онхо Бахор буд.

Дар Афгонистон Бетоб ба унвони Маликушуаро расида буд. Маликовхои хар як кадр, хусусан, асрхои 11—12, пеш аз хама тагрибгарони содики нибсати давлатдории хокимони асри хеш, ифодакунандаи манфиатхои синфи, вассофи шаъну шавкат ва дабдабаи салтанат ва расму русуми онхо буданд. Доираи адабиеро, ки сарвари мекарданд, низ ба хамин рох хидоят менамуданд. Инчунин хар як шоире, ки ба хидмати дарбор чалб карда мешуд, вазифадор буд дар навбати аввал шеъри худро барои накду барраси аз назари Маликушуарро гузаронда, баъд дар назди подшох бихонад. Муродифхои Маликушуарро «Амирушшуаро», «Султонушуаро» мебошанд. Якчанд лакабу унвонхои фахрию эхтироми чун «Сохибкирони шоири», «Хотиматуш-шуаро», «Маликулкалом», «Лисонул-гайб», «Халлокулмаони» ва гарй низ вомехуранд, ки зохиран унвонхои гайрирасми мебошанд.

 

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …